Китоби тозаэҷоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои истиқлол»

Китоби тозаэҷоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Уфуқҳои истиқлол»

29 -уми декабр дар Китобхонаи миллӣ мизи мудаввар оид ба муаррифии китоби тозаэҷоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои истиқлол» баргузор гардид. Мизи мудаввар аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ташкил карда шуда, дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз, раиси ФИКМТ Қодири Қосим, Президенти академияи илмҳои ҶТ Фарҳод Раҳимӣ ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муҳтарам Қодири Қосим ҳусни оғоз бахшид. Раҳмонзода Абдуҷаббор пеш аз ҳама оиди масъалаҳои муҳимми Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ андешаронӣ намуд. Сипас оид ба мазмуни китоби тозаэҷоди Пешвои миллат «Уфуқҳои истиқлол» қайд кард, ки дар ин китоб дастовардҳои 25-соли даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дарҷ ёфтаанд. Илова бар ин, оиди мавзӯи мазкур иштирокчиёни мизи мудаввар низ фикру андешаҳои худро баён намуданд Инчунин дар ҷаласа филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» ба намоиш гузошта шуд. Дар чорабинии мазкур аз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино раиси КИКК Расулов С.Н. ва раиси КИКД Саидов И.С. иштирок доштанд. Чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. 

 Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон


02.01.2019 1206

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php