Ки аз ту фахр дорам ман, ки будӣ солҳо омузгори меҳрафзое!

Ки аз ту фахр дорам ман, ки будӣ  солҳо омузгори  меҳрафзое!

Санаи 5-уми октябри соли 2021 дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ дар мавзӯӣ “Рузи  муаллим!” гузаронида шуд, ки дар он мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С., профессор Аминов Ҳ.Ҷ., Қобилова Б.Ҳ, Самиева Н.Ш., ассистентон Ҳотамова М.Н., Бадалова З.А., Маҳмудова М.М., Бақоев Ф.С., инчунин донишҷӯёни курси 6 факултаи тиббӣ гуруҳои 25,27 ва 29 иштирок карданд.

Дар аввали чорабинӣ мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С. суханронӣ намуда чунин қайд кард: “Муаллим  шахси  барумандест, ки  аз инсонро илму адаб омӯхта, ӯро дар муҳити илму ирфон ба воя  мерасонад. Дар маърифатнокию илмдӯст бузург гардидани шогирдон омӯзгорон саҳми босазо доранд. Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси рӯҳии инсон аст. Тавре ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне омӯзгор шахси ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст."

Сипас донишҷӯёни курси 6 факултаи тиббӣ гурӯҳи 25 бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Донишҷӯ Алматов Бахтиёр бо презентасия  баромад намуда, аз ҷумла қайд кард: “Муаллим аз ҳар як норасоиву носазоиҳо ва беаҳамиятии шогирдони худ ба изтироб меафтад. Қуввати худро барои тарбияи фарзанди мардум дареғ намедорад. Мекушад, ки бо вуҷуди машаққатҳои зиёду бепоён шогирд ба воя расонад ва соҳибмаълумот гардонад. Хулоса, муаллим касест роҳнамою ҳидояткунанда, мӯнису ғамхор, дӯсти беғаразу ислоҳкори ҳамаи норасоиву нуқсонҳои инсон. Муаллим пешвою омӯзандаи алфози неку таҷассумгари ростию росткорист, ки машҳуртарин бузургони рӯи оламро навиштану хондан ва гуфтору рафтори дуруст омӯхтааст."

Сари таъзим меорам ба номат ман,

Ки аз ту гаштаам шогирди доное.

Ки аз ту гаштаам умре ба қиммат дар ҳама ҷое,

Ки аз ту фахр дорам ман, ки будӣ  солҳо омузгори  меҳрафзое.

Дар охири чорабинӣ муаллимон ва донишҷӯён  низ ба сухан баромада, фикру мулоҳизаҳои худро  баён намуданд.

Мудири кафедра

н.и.т., досент Мамадҷонова  Г.С.

Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ

ассистент Ҳотамова М.Н.


07.10.2021 264

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php