ХИЁНАТ НАБАХШИДАНИСТ!
Ватану ватандорӣ вазифаи муқаддаси ҳар яки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва ҳангомасозӣ ба ҷуз аз бешарафӣ чизи дигаре нест. Имрӯз давлати азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистон пурқуввату пурқудрат аст, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дар доираи адл дорад ва ҳар касе аз чаҳорчубаи он берун қадам ниҳодаву санги маломат ба халқу миллат мезанад, ҳатман ҷавобашро дар назди қонуну халқ медиҳад. Ҳар як ҳадафи давлат - ҳадафи халқ аст ва мароми халқ - хизмат ба Ватан аст. Намоиши филми “Хиёнат” барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки дар толори “Сино”-и донишгоҳ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор шуд, гувоҳ аз он медиҳад, ки мардуму миллати тоҷик дар муқовимат бо ҳар гуна ақидаҳои нопоки ғарази сиёсидошта ҳамеша таёр аст муборизаи беамон барад.
Шарти асосии амалӣ кардани ин ҳадаф беҳтар намудани ақидаҳои ҷавонон ва самаранок истифода намудани соатҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад.
Дар шароити кунунӣ роҳбарияти ҳама донишгоҳҳои кишварро лозим аст, ки барои пешгирӣ намудани амалҳои нолматлуб ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро муқовимат нишон дода, аз ҳама воситаҳои иттилоотӣ истифода намоянд, то ин ҳизбу ҳаракатҳо мафкураи насли наврасро бо ақидаҳои пучашон дигар ва оромии кишварро халалдор насозанд.
Аз дасти хоинон ё фарзандони носипосе, ки аз таъриху тамаддун ва фарҳанги ҳазорсолаи хеш бехабаранд, имкон дорад номи чунин як халқе бо ин бузургӣ дар паҳнои таърихи навини башар доғдор гардад. Хиёнаткорроне, ки имрӯз берун аз Ватан ба бадгуйии миллату давлати тоҷик машғул шудаву хоҳони нооромии давлати тоҷиконанд, огоҳ бошанд, ки мамлакати мо обод асту миллати тоҷик таҳти ҳидоятҳои Пешвои муаззами хеш ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишвари худ сарҷамъанд ва намегузоранд, ки ин сарзамини ободу зебои бо манзараҳои дилрабо ва мардуми меҳмоннавозаш машҳури дунёгашта, бори дигар ба минтақаи муҳорибаҳо табдил ёбад.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа