Хатми ботантанаи донишҷӯёни ҳориҷии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Хатми ботантанаи донишҷӯёни ҳориҷии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

6-уми июни соли ҷорӣ дар толори Синои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино донишҷӯёни хориҷии донишгоҳ бо як маросими тантанавӣ хатми бомуваффақияит хешро ҷашн гирифтанд.

Дар маросими супоридани дипломҳои донишгоҳ Ректори муассиса профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, намояндагони сафоратхонаҳои хориҷӣ- Котиби якуми сафорати Россия дар Тоҷикистон Бруга Игор Евгеневич, намояндагони сафорати Узбекистон дар Тоҷикистон Абдураҳмонов Ф.Ф., сафорати Қирғизистон Аблаев А.А., сафорати Афғонистон Наҷибуллоҳ Маликзода, Башируллоҳ Тавҳидӣ, намояндагони сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар шахсияти сафир Атул Пандей, директори мактаби фармасевтии Ҳиндустон Фани Бушан, ҳамчунин ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар ҷашни хатми донишҷуёни хориҷӣ  намояндагони 6 сафоратҳои давлатҳои хориҷии дар боло зикргардида, сафири сафорат ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон  иштирок доштанд. Хатми соли ҷорӣ, аз солҳои пешин аз он фарқ мекунад, ки имсол бори аввал 90 нафар донишҷуёни хориҷӣ донишгҳро аз руи зинаи бакалавр хатм карданд.

Ректори донишгоҳ профессор Гулзода М. Қ. сараввал ҳамаи донишҷӯёни хатмкунандаро барои  анҷоми бомуваффақияти донишгоҳ табрик намуда, ҳамзамон қайд кард, ки дар давраи ҷаҳонишавии таҳсилоти олӣ ҳамкориҳои мутақобилан судманди муассисаҳои байнидавлатӣ яке аз заминаҳои асосии рушд ба ҳисоб меравад. ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо бештар аз 114 муассисаҳои олии таълимию илмии хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаст. Дар марҳилаи ҳозира дар Донишгоҳи тиббӣ 11 ҳазору 500 нафар донишҷӯён, аз ҷумла 1400 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 16 мамлакати дунё таҳсил менамоянд, ки аз мақом ва нуфузи баланди байналмиллалии донишгоҳи тиббӣ гувоҳӣ медиҳад. Аз ҷумла, 123 нафар донишҷуёни хориҷӣ аз 7 мамолики дунё: аз Ҷумҳурии Ҳиндустон-90 нафар, аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон- 10 нафар, аз Ҷумҳурии Қазоқистон-10 нафар, аз Ҷумҳурии Қирғизистон- 5 нафар,  аз Федератсияи Россия-6 нафар, аз Ҷумҳурии Узбекистон-1 нафар ва аз Ҷумҳурии Исломии Эрон -1 нафар ин боргоҳи хирад- ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намуданд.

Ректори донишгоҳ бо боварии комил баён намуд, ки хатмкунандагони хориҷӣ аз ӯҳдаи вазифаҳои муқарраргардида ба хубӣ баромада, фаъолияти худро дар соҳаи илм ва тандурустии давлатҳои хеш ба роҳ монда, дар оянда барои ҳамкорӣ намудан бо ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  саъю кӯшиши худро дареғ намедоранд, ки хатми бомуваффақияти ин муассисаи бонуфузи таълимӣ, барои эшон мояи ифтихор аст. Хатми 123 нафар донишҷӯ аз 7 кишвари хориҷӣ далели дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидани мавқеи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аст.

Намояндагони сафоратҳои хориҷӣ низ зимни баромадҳои хеш ба Роҳбарияти донишгоҳ ва устодони ин даргоҳи муқаддас миннатдории худро баён намуда, иброз доштанд, ки дар оянда низ ҳамкориҳоро бо ин муассисаи бонуфузи сатҳи байналмилалӣ дошта, боз ҳам тақвият мебахшанд. Дар анҷоми маросим ба директори мактаби фармасевтии Ҳиндустон Фани Бушан, барои гузоштани саҳми муносиб дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба унвони Профессори фахрии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дода шуд.

Зимнан, дар соли таҳсили 2018-2019 1556 нафар соҳиби маълумоти олии касбӣ аз рӯи 5 ихтисос гардиданд, ки 123 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ аз 7 кишвар мебошанд. 

Зуҳра Турсунова     шуъбаи иттилоот ва нашрия


16
15
14
13
12
11
10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
12.06.2019 1296

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php