Касе, ки каҷ бимонад пой меафтад!

Касе, ки каҷ бимонад пой меафтад!

Нашаъмандӣ - офати ҷомеаи муосир аст, ки ҳаёти чандин касонро ба коми худ мекашад. Ин роҳест, ки ба ҷиноят, маҳкумӣ ва ҳатто то ба марг оварда мерасонад. Нашъамандӣ олами кудаконро пур намудаву сол аз сол ҷавон мегардад. Имрӯзҳо гирифторӣ ба нашъамандӣ дар байни ҷавонон навигарӣ нест. Новобаста аз ин, шунидан ва ё дидани он, ки шахсе гирифтори нашъаву нашъаманд гаштааст, моро нигарон мекунад. Ҳар яки мо фарзанд дорем, бародару хоҳар дорем ва ҷавон гаштани ин гирифторӣ бонги хатар ба аҳли башар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ худро аз ин мушкилоти рӯз дур карда натавонист.

Маълум аст, ки ашхоси солимақл нашъамандиро ҳамчун амали номатлуб маҳкум мекунанд. Агар яке аз сабабҳои ин аз таҷрибаи зиндагӣ – шунидану дидани ҳоли нашъамандон бошад, сабаби дигараш аз ҷониби давлат ва мақомоти марбутаи он ташкил намудани чорабиниҳои иттилоотии хусусияти зиддинашъамандӣ дошта, муқобилият ва мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии ин мавод мебошад.

Истифодаи мунтазами маводҳои нашъадор ба одатҳои зарраровар тааллуқ дошта, хусусиятҳои руҳии инсонро тағйир медиҳад. Инсонро ба роҳҳои бад мебарад. Ин гуна одамон аз ҷамъият ва корҳои ҷамъиятӣ дур шуда, ба маводи нашъадор рӯҳан ва ҷисман вобаста мешаванд. Тамоми зиндагиии воқеияшонро аз даст дода, зиндагии хаёлиро барои худ оғоз мекунад ва ҳатто барои дарёфти маводи нашъадор омодаанд ба ҷиноят даст зананд(дуздӣ, ғоратгарӣ, фиребгарӣ ва ғайра...). Асирии нашъамандӣ на танҳо баданро, балки хаёти рӯҳиро низ фаро мегирад. Нашъамандӣ – ин шикасти шахсият мебошад, ки дар аксар ҳолатҳо инсон ба душвориҳои солимии бадан рӯ ба рӯ мегардад. Инсоне, ки дар ин масир қадам мегузорад, ҷисму рӯҳи худро оҳиста-оҳиста аз даст медиҳад ва бо мурури замон хамчун шахсият аз байн меравад. Шахсияташро аз даст додаву ба худ ва ба атрофиёнаш бадбахтиҳои зиёде меоварад. Барои дарёфти маводи лозима ба ҳама кор омода аст. Нашъаманд бемор аст на ҷинояткор!

Аз нуқтаи назари тиббӣ нашъамандӣ - бемориест, ки шахс дар натиҷаи истеъмоли давомноки маводи нашъадор ба тариқи ғайритиббӣ ба он гирифтор мешавад. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки муборизаро дар ин самт дастаҷаъмона пурзур намоем, то пеши роҳи нашъа ва бемории нашъамандӣ гирифта шавад. Раҳоӣ аз бемории нашъамандӣ ба хоҳиши ҷиддии бемор вобастагии калон дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ба хотири бехатарии ҷамъиятӣ диққати худро ба самти ҳифзи саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ равона карда, дар ин раванд мунтазам чораҳо меандешад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонуни маводи мухаддири (РМЗГFММ) Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин дигар сохторҳои қудратӣ муборизаро беш аз пеш пурзур карда истода, дар самти ошкор ва мусодира намудани маводи мухаддир шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд. Аз тарафи дигар дар байни ҷавонону муҳассилин корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшида, шавқи онҳоро ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим бештар намудан ба маврид аст.

Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳиддинова М. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


01.05.2021 13