Истифодаи технологияи муосир дар ташхиси бемориҳои чашм

 Истифодаи технологияи муосир дар ташхиси бемориҳои чашм

Санаи  27 январи соли 2022 дар толори лексионии кафедраи офталмология бо иштироки кормандони кафедра ва клиникаи бемориҳои чашм, интернҳо, ординаторони клиникӣ семинар оид ба мавзӯи В- сканн дар офталмология сурат гирифт. Дар рафти семинар офталмолог-ретинологи номдори амрикоӣ др. Брайн, оиди нозукиҳои ташхиси ултрасадоӣ дар чашм, тарзи дурусти истифодаи он ва тағйиротҳои ултрасадогӣ дар патологияҳои маъмули қисмҳои пеш ва қафои ғузаи чашм ба таври васеъ маърӯза ва презентатсия пешниҳод намуд.  Дар рафти семинар аз тарафи омӯзгорон ва кормандони клиника, ординаторони клиникӣ ва интернҳо саволҳо дода шуда, ба ҳамаи он ҷавобҳои мушаххас гирифта шуд. Гузаронидани чунин ҷамъомадҳои илмӣ дар клиника, махсусан бо истифодаи технологияи муосир дар табобат ва ташхиси бемориҳои чашм, ки мавзӯи илмии кафедра мебошад, айни муддаост.

Кафедраи офталмология  



28.01.2022 232

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php