ИСТИҚЛОЛИЯТ – САРЧАШМА ВА ТАҲКУРСИИ БУНЁДКОРӢ

ИСТИҚЛОЛИЯТ – САРЧАШМА ВА ТАҲКУРСИИ БУНЁДКОРӢ

Дар кафедраи тиби оилавии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» таҳти роҳбарии дотсенти кафедра, н.и.т. Ҷ.И.Инъомзода бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили донишҷӯён баргузор гардид.

Конфронсро донишҷӯёни гурӯҳи 79-уми бахши 5-уми факултети тиббӣ таҳти роҳбарии устоди гурӯҳ омода намуда бомуваффақият баргузор гардониданд.

Дар оғози маҳфил зимни ҳамовозии иштирокчиёни чорабинӣ садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маърака ҳусни тантана бахшид.

Донишҷӯён Шаҳзод Зарифов, Комрон Бобоев, Комрон Ҳакимов, Гулнора Мирзозода, Нодира Ҳусейнова дар асоси таҳлили ҳаматарафа таърихи рушди ҷумҳуриро нақл карданд.

Донишҷӯ Шаҳзод Зарифов доир ба рушди соҳаи нигаҳдории тандурустии кишвар дар давраи истиқлолият тавассути далелҳои мушаххас сухан ронда, аҳамияти истиқлолияти миллиро, бартараф кардани муаммоҳои иқтисодию иҷтимоиеро, ки дар оғози давраи истиқлолӣ ҷой доштанд, махсус қайд кард.

Донишҷӯ Комрон Бобоев масъалаҳои вобастагии рушди нигаҳдории тандурустиро бо сатҳи равнақи воқеии соҳаи иқтисодию иҷтимоии кишвар қайд карда, аҳамияти саҳми чорабиниҳои ба рушди макроэкономикаи кишвар бахшидашударо нисбати равнақи соҳаи тиб таъкид кард.

Дар маърӯзаю суханрониҳо ҷабҳаҳои мушаххаси равнақи соҳаи нигаҳдории тандурустии кишвар дар давраи истиқлолият таъкид шуданд.

Қисми саволу ҷавоби маҳфил, ки санадҳои мушаххаси вазъи феълӣ ва рушди соҳаи нигаҳдории тандурустии кишварро дарбар гирифт, хеле фаъол гузашт.

Дар маркази таваҷҷӯҳи аҳли нишаст баррасии вазифаҳое қарор доштанд, ки аз нутқҳою таълифоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд.

Ҷ.И.Инъомзода, дотсенти кафедраи тиби оилавӣ, номзади илмҳои тиб.


13.09.2021 200

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php