Иштироки маҷозии донишҷӯёни факултети педиатрӣ дар олимпиадаи байналмилалӣ

Иштироки маҷозии донишҷӯёни факултети педиатрӣ дар олимпиадаи байналмилалӣ

Санаи 11.10.2021 5 нафар донишҷӯёни факултети педиатрӣ Солиев Қурбоналӣ – курси 4-ум, Шодиев Ҷасурбек- курси 5-ум, Гадозода Меҳроб- курси 5-ум, Қодиров Асадуллоҳ- курси 6-ум, Али-заде Шаҳноза- курси 6-ум дар олимпиадаи байналмилалӣ байни донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ бо номи «Золотая осень педиатрии 2021» ба таври маҷозӣ иштирок намуданд. Донишҷӯёни донишгоҳ дастаи худро бо номи «Синапс» муаррифӣ намуда, барои ишғоли ҷоиза қувваозмоии фитрӣ намуданд.

Дар олимпиада 12 дастаи донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ аз Давлатҳои Иттиҳоди Мустақил – Россия, Украина, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Белоруссия, Грузия ва дигарон дониши худро нишон доданд.

Дастаи «Синапс»-и факултети педиатрияи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино» аз байни 12 даста дар қатори 5-ум чун дастаи беҳтарин бо сертификати «Иштирокчиёни фаъоли олимпиада» сарфароз гардонида шуд. Ҷои якумро дастаи Донишгоҳи давлатии тиббии Киев, ҷои дуюмро дастаи Донишкадаи педиатрии тиббии Тошкент ва ҷоисеюмро дастаи Донишгоҳи давлатии тиббии Белоруссия ишғол намуданд.

 

Усманова Г.М.- д.и.т., профессор деканифи факултети педиатрӣ


12.10.2021 213

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php