ИНСОН САРЧАШМАИ ҲАМАИ ОБОДИВУ ОЗОДАГИҲОСТ
Инсон дар рӯи замин сарчашмаи ҳамаи ободиҳо, озодиҳо ва пешравию комёбиҳои ҳаёт аст. Тамоми мавҷудоти олам тавассути меҳнати фидокоронаи инсон арзи ҳастӣ мекунад. Инсоне, ки поккору тозакор аст ва табиатро зинда гардонида, арзи ҳастӣ мебахшаду ба тозагии он роҳ медиҳад. Тозагие, ки маъниҳои покӣ, муҳити тоза аз ифлосиҳо, покии обу дигар сарваҳо, покии ашёи рӯзгор, манзили истиқоматӣ, коргоҳу гулгаштро дорад. Агар муҳити зист ва маводи истеъмолӣ поку тоза набошад, инсон наметавонад тансиҳат бошад. Гарави тансиҳатии ҳар як инсон ба тозагии худи ӯ вобастааст. Пас, бояд мулоҳизакор буд, ба тозаву озода нигоҳ доштани ҳар гуша диёр талош варзид, то муҳити солиму озода ва сиҳатмандии бардавом дошта бошем. Бо назардошти ин, имрӯз, 24. 07. 2021 208 нафар донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандон Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мутобиқи Нақшаи баргузории ҳашарҳои умуминоҳиявӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳашари умиминоҳиявӣ иштирок карда, дар минтақаи вобасташудаи хиёбони Рӯдакӣ - аз буриши кӯчаи Карамов то Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар тоза кардани гирду атрофи биноҳои баландошёна, ҷӯйборҳо, баровардани партовҳо, тоза намудани шоху навдаҳои дарахтон, истгоҳҳои назди донишгоҳии хиёбонҳои Рӯдакӣ, Сино, Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Саноӣ, Самад Ғанӣ, Шукуфон, Алишер Навоӣ, ки воқеъ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино мебошанд, саҳм гузоштанд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ ва воҳидҳои сохтори он ҳар ҳафта шанбегии умумидонишгоҳӣ гузаронида мешавад. Имрӯз низ 418 нафар донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандон дар шанбегии умумидонишгоҳӣ иштирок намуда, дохил ва гирду атрофи иншоотҳои таълимӣ, хобгоҳҳои донишгоҳ ва роҳравҳо, истгоҳҳо, ҷуйборҳое, ки дар назди иншоотҳои донишгоҳ, дар ҳудуди ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино ҷойгиранд, тозаю озода карданд. Гулгаштҳо, роҳравҳо, истгоҳҳо, ҷуйборҳои хиёбонҳои Рӯдакӣ, Сино, Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Саноӣ, Самад Ғанӣ, Шукуфон, Алишер Навоӣ тозаю озода карда шуданд. Газонҳои дарозшудаи гулгаштҳои заминҳои донишгоҳ даравида шуда, рангуборкунии деворҳои бинои асосии таълимию маъмурии донишгоҳ идома дорад. Дар гулгаштҳои назди бинои асосии таълимию маъмурии донишгоҳ 2 ҳазор бех ниҳоли гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.
Шаҳри Душанбе рӯз то рӯз бо таъмиру азнавсозии биноҳои маъмуриву истиқоатӣ, боғҳо ва роҳравҳо ба мавзеи хеле тамошобоб табдил ёфтааст. Дар баробари ин ҳама пешравию ободӣ ва тозакориҳо, аз ҳар яки мо тақозо мегардад, ки сар карда аз хонаву кӯча то муассисаву коргоҳ ва дигар гушаву канори диёри Душанберо ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорем.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигор