Илм чароғи маърифат
Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-038 дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” ҳимояи рисолаи номзадии унвонҷӯйи кафедраи бемориҳои дарунии №1 Зоидбоева Нуринисо Зуҳурулоевнаро таҳти роҳбарии д.и.т., дотсент Одинаев Ш.Ф. барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб аз рӯи ихтисоси 14.01.01- бемориҳои дарунӣ таҳлил ва баррасӣ намуд.
Шӯрои диссертатсионӣ бо шиносоӣ ба корҳои анҷомшуда дар раванди таҳқиқот таъкид менамояд, ки дурустии маълумотро ҳаҷми кофии маводи таҳқиқотӣ, коркарди омории натиҷаҳои бадастомада ва интишорёфта тасдиқ мекунанд. Хулоса ва тавсияҳо дар заминаи таҳлили илмии натиҷаҳо асос ёфтаанд. Асоси методологии таҳқиқот ташхиси клиникии беморон,усулҳои тадқиқоти лабораторӣ ва инструменталӣ, гузаронидани саволномаҳо бо беморон мебошад. Муаллиф маводро мустақилона ҷамъоварӣ, коркарди оморӣ намуда, натиҷаҳои бадастовардаро таҳлилу тафсир ва натиҷагирӣ карда, хулосабарорӣ ва ба интишороти илмӣ омода кардааст. Мавзӯи таҳқиқот мубрам ва аҳамиятнок аст, бинобар ин аъзои Шӯрои диссертатсионӣ қарор намуд, ки он ба талабот ҷавобгӯ буда, муаллиф ба дарёфти унвони илмии номзади илмҳои тиб сазовор мебошад.
Боиси хушнудист, ки пешравиҳо дар самти илм дар донишгоҳ рӯ ба афзоиш дорад ва дар муассиса амал кардани Шӯрои диссертатсионӣ худ ин як дастоварди бузургест.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
17.06.2021
645