ИФШОИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ ҶАВОБГАРӢ ДОРАД
Дар ҷаҳони муосир ҳар як раванд дар фазои иттилоотӣ мавқеи хосса дорад, аз ҷумла, масъалаи маълумоти шахсӣ ва ҳифзи он. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иттилоот, дастрасӣ ба он ва ҳифзи маълумоти шахсӣ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дахлдор, ки мносибатҳои соҳаро дар чаҳорчубаи қонун ба танзим медароранд, мавриди амал қарор доранд. Мушоҳида ва муносибатҳои ҷамъиятӣ нишон доданд, ки маълмоти шахсии шаҳрвандон дар сатҳи зарурӣ ҳифз карда нашуданд. Бо назардошти ин, бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» таҳия ва қабул гардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ” аз ҷониби ниҳодҳои давлативу байналмилалӣ ба масъалаи маълумоти шахсии шаҳрвандон ва ҳифзи он онқадар аҳамият дода намешуд. Сабаб мавҷуд набудани заминаи мушаххаси қонунгузорӣ буд. Пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ” масъалаи мазкур то як андоза назорату танзим шуда истодааст. Масъалаи ҳифзи маълумоти шахсӣ асоси қонунии худро дар моддаи 23-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо намудааст, ки тибқи он “Маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст.
Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст”.
Маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс яке аз ҳуқуқҳои асосии конститутсионии инсон ба шумор меравад ва таъмин намудани онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад. Талаботи моддаи 23-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбореро, ки одамон байни худ мубодила менамоянд, аз фош шудан эмин нигоҳ медорад. Дар зери мафҳуми ахборот ҳама гуна мукотибот, гуфтугӯҳои телефонӣ, муросилоти почтавӣ ё телеграфӣ ва дигар маълумот фаҳмида мешавад.
Мутобиқи Фармони Преиденти Ҷумҳрии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намдани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ” аз 16-уми майи соли 2020, №1537 Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷмҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ муайян шдудааст. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ваколатдор аст, ки сиёсати давлатиро оид ба ҳифзи маълумоти шахсиро амалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ таҳия ва ҷиҳати тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Номгӯи маълумоти шахсиро, ки барои амалисозии фаъолияти доранда, оператор ва шахси сеюм зарур ва кофӣ мебошанд, тасдиқ карда, тартиби аз ҷониби доранда, оператор ва шахси сеюм амалӣ намудани чораҳои ҳифзи маълумоти шахсиро тасдиқ намояд. Муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ баррасӣ карда, рӯйхати шахсони масъули ба риоя кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ уҳдадорро муайян ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо чораҷҳо андешад.
Барои мусоидат кардан ҷиҳати дастрасӣ пайдо намудани як нафар ба маълумоти шахсии нафари дигар, ки он маълумот дорои сирри шахсӣ, оилавӣ мебошад ва он боиси пас гардидани обрӯи ӯ мегардад, дар қонунгузории амалкунанда ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Дар моддаи 144-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1) Ғайриқонунӣ ҷамъ кардан ё паҳн намудани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавии шахси дигарро дар бар мегирад бидуни иҷозати ӯ, ё паҳн кардани чунин маълумот дар баромадҳои оммавӣ, асар, воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет, агар чунин кирдор бо ғарази шахсӣ ё ҳавасмандии шахсӣ анҷом дода шуда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонда бошад, -
бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба муҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш анҷом дода шудаааст, -
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
То қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ” ниҳодҳои давлатию ғайридавлатӣ маълумоти шахсии шаҳрвандонро шифоҳӣ ё тавассути телефон баён намудан қобили қабул медонистанд. Ҳамакнун ин масъаларо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ” танзим менамояд. Мавриди таъкиди хос аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ” аҳамияти иҷтимоиву иқтисодивӣ дошта, дар умум меъёрҳои он пурра ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон равона шудааст.
Хотирнишон бояд кард, ки эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маърифати баланди ҳуқуқиро тақозо менамояд, инчунин, рушди бонизоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро танҳо бо мавҷуд будани низоми ҳуқуқӣ ва волоияти қонун тасаввур намудан имконпазир аст. Бо назардошти ин, ниҳодҳои дахлдори давлатиро зарур аст, ки баҳри дар амал татбиқ намдани Қонуни мазкур ва таҳкими ҳифзи маълумоти шахсии шаҳрвандон бештар аз ҳар вақти дигар фаъолиятро ҷоннок намоянд.
Валиев Давлатёр,
рӯзноманигор