Идомаи даври якуми имтиҳони хатми давлатӣ барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ
Рӯзҳои 29-30 апрели соли 2021 дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ даври якуми имтиҳони хатми давлатӣ ба таври OSCE (имтиҳони объективии сохторшудаи клиникии) барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ давом ёфт.
Имтиҳонсупорандагон маҳорати худро аз ихтисосҳои акушерӣ ва гинекология, ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, анестезиология ва реаниматология нишон доданд. То имрӯз ҳамагӣ 432 нафар донишҷӯ аз гурӯҳҳои 1-27 аз ин озмун гузаштанд. Қайд кардан лозим аст, ки нишондодҳои сатҳи таълим байни донишҷӯён сол то сол баланд шуда истодаанд. Ин самараҳои кӯшишу ғайрати чандинсолаи Раёсати донишгоҳ оид ба ворид кардани усулҳои нави таҳсилот дар рафти таълим, рушди таҳсилоти тиббӣ ва дастрас кардани таҷҳизоти муосир дар соҳаи тиб мебошад.
Раиси комиссия, мудири шуъбаи ҷарроҳии ҷигар ва ғадуди зери меъдаи Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологии ВТ ва ҲИА ҶТ, д.и.т., профессор Аҳмадзода С.М., муовини раиси комиссия, проректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, н.и.т., дотсент Қобилов Қ.К., проректор оид ба корҳои таълимӣ-методӣ, д.и.т., профессор Ибодзода С.Т., декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор Хоҷаева Н.М., муовини декани факултети тиббӣ Раҳимова Д.С., кормандони Раёсати таълимӣ-методӣ ва шуъбаи сифати таҳсилот рафти санҷишро ҳамарӯза мушоҳида мекунанд. Имтиҳони хатми давлатӣ ба таври OSCE (имтиҳони объективии сохторшудаи клиникӣ) барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ то рӯзи 8 майи соли 2021 давом ёбад.
Директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ Усмонов Ҷ.Н.
01.05.2021
265