Иҷроиши бандҳои Паём дар донишгоҳ

Иҷроиши бандҳои Паём дар донишгоҳ
Роҳбарияти Донишгоҳи Давлати Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти кишвар барои аз байн бурдани ҳолатҳои номатлуб ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар донишгоҳ ба мувафақиятҳои назаррас ноил гаштааст.
Сарваре, ки ба солимии ҷомеа ва тарбияи насли наврас аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, ояндаи дурахшони давлати хешро таъмин намуда, заминаи устувори фарҳангӣ барои ташаккули насли наврас фароҳам меоварад.Аз Паём:
«Мо ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, тайи як сол садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор додем.Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд.Танҳо дар ду соли охир 320 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ дар ҳаҷми 950 миллион сомонӣ ворид гардида, барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст.
Буҷети соҳаи тандурустӣ дар ҳафт соли охир аз 716 миллион сомонӣ ба 1 миллиарду 740 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба соли 2013-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.Дар соли 2020 маблағгузории давлатии соҳа қариб 2 миллиард сомонӣ ё худ бо афзоиши қариб 6 фоиз назар ба соли 2019 пешбинӣ шудааст.Ҳарчанд ки дар натиҷаи таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир як қисми мушкилоти соҳа рафъ гардидааст, аммо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи касбии кормандони миёна ҳоло ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад.
Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои тиббиро зери назорати қатъӣ қарор дода, сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монад ва давра ба давра курсҳои бозомӯзиро дар миёни ҳамаи зинаҳои кадрии соҳа ташкил намояд.»
Олимону донишмандони донишгоҳ дар шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, ба шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ таваҷуҳи ҷидди зоҳир менамоянд.
Имтиҳонҳо дар донишгоҳ шафоф, бе дахолати омӯзгор бо тариқи электрони сурат мегиранд.Дар ҳуҷраи электроние ки донишҷӯй имтиҳон месупорад,назоратчиён ҳузур доранду бо камераҳои мушоҳидавӣ назорат мешаванд.
Дар ҳуҷраи электронии дигар устодон бе ному насаби донишҷӯй ба ҷавобҳои воридшудаи саволҳо баҳогузори менамоянд. Инчунин волидайни донишҷуён метавонанд ба кабинети инфиродии фарзандашон бо тариқи электрони ворид гашта аз баҳои гирифтаи он огоҳ гарданд.
Сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия Таибов С.А.

Иҷроиши бандҳои Паём дар донишгоҳ
Иҷроиши бандҳои Паём дар донишгоҳ
Иҷроиши бандҳои Паём дар донишгоҳ
10.01.2020 1813

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php