Иқдоми нек
Раёсати МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” боз як иқдоми неке пеш гирифт, ки он бо расонидани кумаки маводи таълимӣ, аз ҷумла китобҳои таълимӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон амалӣ гашт. Дар ин навбат ба донишгоҳи навтаъсис, ки боиси ифтихори мост, 22 номгӯи китоб бо шумораи 2150 (ду ҳазору яксаду панҷоҳ) адад ба маблағи 55 ҳазору 167 сомонӣ аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамчун туҳфа дастрас карда шуд.
Бояд гуфт, ки китобҳои таълимӣ бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ буда, барои таълими донишҷӯёни факултаҳои тиббӣ, стаматологӣ, педиатрӣ ва фармасевтӣ равона карда шудаанд.
Шӯъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа