Гулшани сабзи Ватан аз Ваҳдат аст
Собиқ Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан қайд намудааст: «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд». Ин аст, ки сулҳу Ваҳдати Тоҷикистон ҳам аҳамияти миллӣ ва ҳам аҳамияти байналмилалиро доро гашта, аз ҷониби сиёсатмадорон ва сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифтааст.
Вақте ба таърихи гузаштаи хеш назар меафканем ё сухан аз истиқлолият меравад, мурғи хаёл моро беихтиёр ба сайри солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мебарад. Он давраи мушкил ва ҳассос, ки касе аз намояндагони мардум намехост зимоми давлатдориро ба души хеш гирад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъулиятро ба зима гирифтанд. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт ва кишвари мо дар ҳолати ногувор қарор гирифтаву иқтисодиёти давлат хароб гашта буд. Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат ба ояндаи нек қариб, ки боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омада, дар назди халқу миллат бо дилу пур ваъда доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини тоҷик ҳамин хел ҳам шуд. Мо инро ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонем. Аз таҳлили мутахассисону олимони иқтисоддон бармеояд, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишварамон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонид. Аз тарафи дигар гусасташавии риштаҳои хамкории шарикӣ байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистонро ба бунбасти коммуникатсионӣ рӯ ба рӯ намуд. Сатҳи бекорӣ ба ҳадди ниҳоӣ расида, сатҳи камбизоатӣ ба 80 % расид. Дар маҷмӯъ ин вазъият ҳолати хеле ногуворро дар иқтисодиёти миллии кишвар ба миён овард. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввал кӯшиш намуданд, ки вазъи сиёсиву иқтисодии кишварро ба эътидол оварда, пастравии сатҳи истеҳсолотро боздоранд, то ин ки кишварамон аз ин вазъи номусоид берун ояд. Дар ин давра, ки тамоми корхонаҳо валангор буданд ва давлат халқи худро ҳатто бо озуқаворӣ таъмин карда наметавонист, роҳҳои аз замони шӯравӣ меросмонда ба ягон талабот ҷавобгӯ набуданд ва мардум норасоии обу барқро ба куллӣ эҳсос менамуданд, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон зери хатар монда буд. Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози парешону сарсоншудаи мо сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба ваҳдат омад. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, қиммату бузургии онро афзун гардонидаанд. Агар дар замони Каёниён Ҷамшед ва дар замони Сомониён Исмоили Сомонӣ чунин ашхосе буданд, ки Ваҳдатро пойдору барқарор нигаҳ доштанд, бо итминон метавон гуфт, ки дар замони мо чунин бахти баланд насиби фарзанди бузурги миллат Эмомалӣ Раҳмон гашт. Бо шарофати қудуми неки ин марди сипоҳсолор ва хирадпеша мо ба ин рӯзҳои неки зиндагӣ расидем.
Мамлакати мо бо ба даст овардани соҳибихтиёриву соҳибистиқлолӣ ва Сарвари меҳанпарвару оқил соҳиби Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ, инчунин Артиши миллӣ гашт. Муҳимтар аз ҳама дар давраи соҳибстиқлолӣ забони тоҷикӣ мақоми давлатиро сазовор шуд. Бо саъю кӯшиш ва талошу ҷонбозиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 145 кишвари дунё ҳамчун давлати мустаққил шинохтаву эътироф мекунанд. Ҷумҳурии мо бо як қатор давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба роҳ мондааст. Файзи ваҳдату истиқлол аст, ки бо кӯшишу ғайрати Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми халқи меҳнатқарини тоҷик соҳаҳои иқтисодиёту маориф, тандурустиву кишоварзӣ давра ба дара рушд ёфта, мустаҳкам гардида истодаанд. Маврид ба зикр аст, ки тайи чанд соли охир сатҳи ҳаёти мардум ру ба беҳбудӣ ниҳодаву гӯшаву канори диёрамон боз ҳам ободу зеботар мегардад. Аз ҷумла, амалӣ гаштани ҳадафҳои стратегии давлат: баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмин намудани истиқлолияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергитикӣ ва ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистони азиз самараи соҳибистиқлолии Ватан аст, ки ин ҳама бидуни ваҳдат имконнопазир аст. Мардуми тоҷик имрӯз ифтихор аз он дорад, ки дар интихоби Сарвари хеш хато накардааст ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат буд, ки имрӯз миллати сарбаланди тоҷик аз дастовардҳои бузурги истиқлолияти хеш чун сохтмони НБО-и Роғун, Сангтуда-1, Сангтуда-2, “Нақби Истиқлол”, Роҳи мошингарди Бадахшон, Роҳи оҳани Хатлону Кулоб ва як қатор иншоотҳои бузурги кишвар истифода мебарад. Ин ҳама ободиву муваффақиятҳо ба руҳу ҷони ҳар фарди Ватан илҳоми тозаеро бахшида, дилро ба ваҷд меоварад ва мо беихтиёр нидо мекунем:
Бар ватандории мо ҳар кас, ки варзад душманӣ,
Бемуҳобо то кунун дар рахти хоби ғафлат аст!
Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд. Боиси ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, ки пешниҳодҳои созандаву саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо забони шевою ширини тоҷикӣ дар масъалаҳои гуногуни глобалӣ садо медиҳанд.
Оқилона ҳарф гуфт, он кас ки дурандеш шуд,
Лаззати ҳар мисрааш чун сабки Хайрандеш шуд.
Парчами тоҷик парафшон шуд ба шеъри Гулназар,
Пойдории Ватан з-ин марди хайрандеш шуд.
Имрӯз мо давлату Ҳукумате дорем, ки барои таъмини шароити арзандаи зиндагӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст ва халқи шарифи тоҷик дар чунин диёри биҳиштосо - Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ ва кору фаъолият мекунад. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуктаҳои калидие буданд, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд ва барои рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар роҳ кушоданд. Мо халқи шарафманду сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба қадри ин неъмати беназиру бебаҳо - сулҳу ваҳдати миллӣ, ки моро ба сулҳу осоиштагӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ расонид, бирасем ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошему ба халқу Ватан содиқонаву садоқатмандона хизмат намоем.
Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
Муҳидинова М.- шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
16.06.2021
324