Гул сархушу лола масту наргис махмур
Ба шарофати сиёсати бомароми бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи самарабахши Раиси шаҳри Душанбе пойтахти Ватани азизи мо- шаҳри Душанбе рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, ба яке аз пойтахтҳои зебои ҷаҳон табдил ёфтааст. МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” низ дар татбиқи ин иқдомоти созанда саҳмгузор буда, баҳри боз ҳам зебову озода намудани гирду атрофи биноҳои донишгоҳ ва хиёбони шафати он корҳои зиёди ободониву кабудизоркуниро ба сомон расонида истодааст.
Донишгоҳ, ки дорои гармхонаи худ аст, гулу буттаҳои зебои мавсимиро парвариш намуда, гулзорҳои атрофи донишгоҳро ҳамешасабз нигоҳ медорад. Дар гармхонаҳои Муассисаи давлатии таълимии “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” айни замон зиёда аз 50 ҳазор дона гулҳои гуногун парвариш меёбанд. Кормандони гармхона дар гулзор намудани шаҳри азизамон ҳамасола саҳми хешро мегузоранд, ки гулҳои виола парвардаи гармхонаи худи донишгоҳ мебошанд. Дар ин мавсими баҳорӣ аз тарафи устодону кормандон дар саҳни биноҳои донишгоҳ зиёда аз 1030 бех дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ, 41000 дона пиёзаки гули лола ва 23000 дона гули виола аз гармхонаи донишгоҳ шинонида шуд.
Воқеан, гул рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат мебошад. Парвариши гулҳои дилрабою гуногунранг дар тамоми гӯшаҳои мамлакат падидаи беназир ва бесобиқаест, ки ба чашм нуру ба дил фараҳ мебахшад. Аз ҷумла, гули лола ва Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» баёнгари ватани наврӯзии тоҷикон буда, як рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва эҳёи суннати мазкур дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум маҳсуб мешавад. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи амалии нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо тадбирҳои кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ҳифзи муҳити зист ва омодагиҳо ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тозаю озода ва гулгулшукуфон нигоҳ доштани пойтахти азизамон ва зебою назаррабо гардонидани саҳни биноҳои маъмурӣ, истиқоматӣ, шинонидани гулу гулбутаҳо ва дарахтони ороишию сояафкан, нарм намудани замин ва атрофи дарахтон дар ноҳияҳои пойтахт мунтазам шанбегиҳо гузаронида мешаванд. Имрӯзҳо, ки шаҳри Душанбе ба як макони дилфиреб, шаҳри сулҳу ваҳдат, хонаи умеди тоҷикону тоҷикистониён мубаддал гардидааст, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино низ дар ободу зебо гардонидани диёр саҳмгузор аст. Роҳбарияти донишгоҳ ташаббусҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати шинонидани навъҳои гуногуну нодири дарахтони бисёрсолаи ороишию сояафкан дар шоҳроҳҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва марказҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҳар ҳафта шанбегиҳо ташкил мекунад. Гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ ба мавзеъу маҳалҳо ҳусни тоза бахшида, барои саломатии инсон фоидаовар мебошанд.
Тозагию озодагӣ ва зебоиҳои шаҳри азизамон-Душанбе, албатта ба сатҳи маънавиёти ҷомеа, ахлоқу рафтори сокинон ва фарҳанги шаҳрдорӣ бетаъсир намемонанд. Бошад, ки мо ба ин восила орзуи деринаи гузаштагонамонро амалӣ гардонида, Душанбешаҳрро ба «шаҳри накӯкорон» табдил диҳем ва дар ин замина дар ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.
Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
Турсунова З.Г.-мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа