Фарҳанги сулҳ ва Ваҳдати миллии тоҷикон падидаи нодир дар таърихи башарият

Фарҳанги сулҳ  ва Ваҳдати миллии тоҷикон падидаи нодир дар таърихи башарият

Раванди сулҳи тоҷикон, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав бо имзои «Созишномаи умумии истқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид, ба пойдевори сулҳ ва ваҳдати миллӣ замина гузошт. Ин аст, ки ин рӯз дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт ёфта, барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст.

         Ҳодисаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри XX бори дигар миллати ҷафодидаи моро ба гирдоби ғаму ноумедӣ кашонд ва имтиҳони сангини таърих рӯ ба рӯ гузошт. Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд ва бо ваъдаи ин ки: «Ман ба Шумо сулҳ меорам», нури саодатро ба хонадони ҳар фарди ин миллат фурӯзон ва гулҳои умедро дар қалби онҳо шукуфон сохтанд. Талошу аз худ гузаштанҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон миллати бофарҳангу тамаддунсози моро аз парешониву сарсонӣ раҳонид. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба ваҳдат омад. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, қиммату бузургии онро афзун гардонидаанд. Дар замони Каёниён Ҷамшед, дар замони Сомониён Исмоили Сомонӣ чунин ашхосе буданд, ки Ваҳдатро пойдору барқарор нигаҳ доштанд. Дар замони мо чунин бахти бузург насиби фарзанди бузурги миллат Эмомалӣ Раҳмон гашт.

         Қадру манзалати ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. Дар ин хусус Сардори давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад.Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт. Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид.»

         Бесабаб нест, ки Созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва бо арзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд. Дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлуқа тела медиҳад. Бархурдҳои сиёсиву муборизаҳои гурӯҳӣ далолат бар он доранд, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва ҳамчунин дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем. Замоне расидааст, ки мо фарзандони миллат аз ҳарвақта дида зичтару содиқона дар атрофи Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарди ватандӯст яктану якдил муттаҳид шавему баҳри боз ҳам қавитар гардонидани ваҳдати миллӣ, ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа талош кунем. Ин амали мо пойдевори ҷомеаи навини демократиро мустаҳкам ва волоияти қонунро дар ҷомеа пойдор хоҳад сохт.

         Ҳоло Тоҷикистон, ки таҷрибаи барқарории сулҳ ва ваҳдати миллиро дорад, ҷонибдори таъмини суботу амният дар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ҳамсоякишвари Афғонистон аст. Муҳимияти сулҳу оромишро барои ҳар ду кишвар ва минтақа доимо таъкид мекунад. Ниҳоӣ шудани гуфтушунидҳои тарафҳои даргир, хотимаи ҷанг дар Афғонистон ва пешгирӣ аз фаъолияти мақсаднок ва номатлуби доираҳои манфиатдор бо истифода аз гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ аз омилҳои муҳимтарини таъмини амният маҳсуб мегарданд.

 Турсунова З.- шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


23.09.2021 570

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php