ФАЛАК – дурри бебаҳои фарҳанги миллӣ

ФАЛАК – дурри бебаҳои фарҳанги миллӣ

Фалак мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик мебошад, ки тӯли асрҳо ҳамчун ифодагари розу ниёз, талабу хостаҳои мардум шинохта шуда, маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ мақоми шоиста гирифт. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 октябр Рӯзи Фалак эълон гардид. Фалак яке аз муҳимтарин унсурҳои мусиқии суннатии тоҷик буда, таърихи хеле қадима дорад. Аҳамияти омӯзиш ва таҳқиқи Фалак на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои як қатор кишварҳои мамолики Шарқ аҳамияти муҳим дорад.

Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов дар тарбияи мутахассисони соҳаи мусиқии касбӣ, аз ҷумла мусиқии суннатӣ саҳми арзанда дорад. Бахшида ба Рӯзи фалак, ба ин жанри адабӣ ки аз зумраи муқаддасот ва арзиши миллию фарҳанги маънавии тоҷикон аст, рӯзи 8 октябр дар Консерваторияи миллӣ чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур дар иҷрои омӯзгорону донишҷӯёни факултети мусиқии суннатии тоҷик таҳти роҳбарии декани факултет Манучеҳр Бурҳонов таронаҳои рангини мусиқӣ аз жанри Фалак пешкаши иштирокчиён ва меҳмонон гардонида шуд.

Дар ин чорабинии фарҳангӣ омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» Аҳророва З. А. – н.и.т., дотсент, мудири кафедраи оториноларингология, Исмоилова М. А. – н.и.т., дотсенти кафедраи оториноларингология, Ҳоҷиева Г. Б. – н.и.т.. дотсенти кафедраи бемориҳои дарунӣ, Сайфутдинова М. Б. – н.и.т., дотсенти кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва муолиҷаи шуоӣ дар доираи ҳамкориҳои мутақобилаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ширкат намуда, аз таронаҳои дилангези ин дурри бебаҳои фарҳангии мардуми тоҷик баҳраманд гардиданд.

 Шӯрои занон ва духтарон


09.10.2021 273

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php