Эмомалӣ Раҳмон ва тарҳи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва тарҳи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои хориҷӣ ҳамчунин ба ҳамкориҳои бисёрҷониба бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Миллали Муттаҳид (СММ), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Аврупо (ИА), Созмони Шартномаи атлантикаи шимолӣ (СШАШ-НАТО), Созмони Конфронси Исломӣ (СКИ), Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ-ЭКО), ИДМ, ЕврАзЭС, Созмони Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ (СШАД-ОДКБ) ва муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ва минтақавӣ, Бунёди байналмилалии асъор (ББА-МВФ), Бонки умумиҷахонӣ (БУ), Бонки исломии рушд (БИР), Бонки аврупоии рушд ва бозсозӣ (БАРБ-ЕБРР) ва ғ. афзалият медиҳад ва онро аз асостарин самтҳои фаъолияти худ мешуморад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташабуссҳои муҳими глобалии обӣ мебошад, ки аз тарафи Ассамблеяи Генералии СММ эълон карда шудаанд:

- эълон гардидани "Соли 2003 - соли Байналмилалии оби

тоза";

- эълон гардидани солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт";

- эълон гардидани "Соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об".

-эълон гардидани солҳои 2018-2028 соли байналмилалии амал " Об барои рушди устувор";

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар давраи аз соли 2003 то 2010 дар пойтахти ҷумҳурӣ, ш. Душанбе доир ба масъалаҳои гуногуни об як қатор чорабиниҳои ҷаҳонии сатҳи олӣ гузаронида шуд, ки баъзе аз онҳоро қайд кардан зарур аст, аз ҷумла:

- Форуми байналмилалии оби тоза, 29 август-1 сентябри соли 2003;

- Конфронси байналмилалӣ доир ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои байнисарҳадӣ, 30 май-1 июни соли 2005;

- Конфронси байналмилалӣ доир ба коҳиш додани офатҳои табиии марбут ба об, 27-29 июни соли 2008;

- Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамӯҳлати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт", солҳои 2005-2015, 8-10 июни соли 2010.

Соли байналмилалии Оби Тоза - с. 2003

Рушди иқтисодӣ ва фарҳангии инсоният ва давлатҳо ҳамеша ба истифодаи захираҳои об вобаста буд. Новобас та аз он, ки 71% сатҳи кураи заминро об ташкил медиҳад, захираи оби тоза бисёр кам - андак бештар аз 35 млн. км3, ё ин ки 2, 35% тамоми захираи оби замин мебошад. Аз ин миқдор захираи оби дарёҳо ва кӯлҳо ҳамагӣ 0,0132% ташкил медиҳад.

Оби тоза шарти асосии ҳаёт ва қисми таркибии ҳамаи ҷузъиёти биосистемаи хушкӣ мебошад. Маҳз ҳаҷми ками захираҳои оби тоза дар ҷаҳони имрӯза масъалаҳои норасогии захираҳои обро мубрам мегардонад. Мувофиқи арзёбии коршиносон, теъдоди нафарон дар давлатҳое, ки мушкилоти норасоии обро бештар эҳсос мекунанд, аллакай ба 2 млрд. нафар расидааст. Қариб 80 давлати дунё имрӯз ба муаммоҳои оби тоза рӯ ба рӯ шудааст. Мувофиқи маълумоти СММ дар тамоми дунё бинобар сабаби норасогии оби тоза аллакай қариб 300 минтақаи имконпазири ихтилофот ба ҳисоб гирифта шудааст. Ба чунин

минтақаҳо ҳавзаи баҳри Арал, ки он ба фалокати экологии миқёси сайёравӣ дучор гардидааст, комилан мансуб дониста мешавад. Мувофиқи пешгӯиҳо дар мавриди чашмдошти зиёдшавии то ба соли 2050 теъдоди аҳолии кураи Замин то 9 млрд. нафар ва идомаи тамоюли истифодаи об 30% аҳолии сайёра эҳтиёҷоти худро ба об қонеъ карда наметавонад.

Дар баробари норасогии об, бинобар сабаби сатҳи баланди ифлосшавии муҳити зист вазъият боз ҳам мушкилтар мегардад. Моҳияти масъала дар он аст, ки дар аввали асри 21 инсоният ба мушкилоти глобалии ифлосшавии муҳити зист ва ҷузъи муҳимтарини он - об рӯ ба рӯ гардид, ки он миқёсан ба ҳадди хатарнок расидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Ҳазорсола, ки СММ моҳи октябри соли 1999 доир намуда буд, баромад карда, чунин иброз дошт: "Тоҷикистон алоқарди ҳол кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ҳалли мушкилоти ҷиддии экологӣ ҳиссаи худро гузорад. Мо даъват менамоем, ки ташаббуси давлати мо доир ба эълон доштани соли 2003 - Соли байналмилалии оби тоза ҷонибдорӣ карда шавад. Агар дар ин садсола бо талошҳои якҷоя мо тавонем, ки мардуми сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо намояд, он гоҳ ҳар нафари дуюмии сокини сайёраро аз бемориҳои сирояткунанда эмин дошта метавонем.

Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт", солҳои 2005-2015

Идеяи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт" аввалин маротиба аз тарафи сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми сеюми умумиҷаҳонӣ доир ба захираҳои об, ки дар Киото (Ҷопон) 18- 23 марти соли 2003 баргузор гардид, пешниҳод шуда буд. Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Форум рӯ оварда, ба сифати қадами навбатӣ баъд аз Соли байналмилалии оби тоза, дар бораи эълон доштани Даҳсолаи байналмилалии амал дар соҳаи нигоҳдорӣ ва ҳифзи захираҳои оби тоза, шурӯъ карда, аз соли 2005 даъват ба амал овард. 30 августи соли 2003 дар ш. Душанбе дар Форуми байналмилалӣ доир ба масъалаҳои оби тоза, ки дар он намояндагони 53 давлат, 91 ташкилотҳои байналмилалӣ ва 11 сохторҳои махсусгардонидашудаи СММ, коршиносон ва намояндагони доираҳои илмӣ, рӯзноманигорон аз тамоми қитъаҳои дунё иштирок доштанд, ба иштирокчиёни Форум муроҷиат намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз дошт: "Мушкилоти оби тозаро дар як сол ҳал кардан ғайриимкон аст ва дар оянда он дар тамоми сайёра актуалӣ боқӣ хоҳад монд. Инро ба инобат гирифта, пешниҳод менамоям, ки давраи аз соли 2005 то соли 2015-ӯм Даҳсолаи байналмилалии оби тоза эълон карда шавад".

Аҳамияти обро барои рушди устувор, аз он ҷумла томии муҳити зист, нақши аввалиндараҷаи он дар таъмини сиҳатӣ ва некӯаҳволии одамонро эътироф намуда, бо назардошти ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассамблеяи Генералии СММ дар сессияи 58-ӯми худ моҳи декабри соли 2003 бо дастгирии аксарияти давлатҳои аъзо солҳои 2005-2015-ӯмро Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт" эълон намуд. Қабули қарордоди мазкур дар Ассамблеяи СММ идомаи мантиқии идеяҳо гардид, ки таҷассуми худро дар рафти гузаронидани Соли байналмилалии оби тоза - соли 2003 ёфта буд.

Дар қарордоди қабул гардида қайд карда шудааст, ки об қувваи вусъатдиҳандаи инкишофи устувор ва барҳамдиҳии қашшоқиву гуруснагӣ дар сайёра мебошад. Бинобар ин вазифаи Даҳсола - такмили минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ба мақсадҳои ҳалли масълаҳои мубрами марбут ба об ва ҳамкориҳо ҷиҳати ноилшавӣ ба мақсадҳои аҳлона дар соҳаи захираҳои об мебошад, ки дар қарордоди ҳазорсола дарҷ гардидааст. Фаъолият дар чорчӯбаи Даҳсолаи мазкур на танҳо аҳамияти байналмилалӣ дорад, балки он аҳамияти хоси таркибии минтақавӣ дорад. Самтҳои минтақавии татбиқи мақсадҳои "Об барои ҳаёт" инчунин дар устуворкунии обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ амали пурқуввате мебошанд. Маҳз сатҳи минтақавӣ дар татбиқи мақсадҳои Даҳсола калидӣ ба ҳисоб меравад, махсусан аз он ҷиҳат, ки мушкилоти об дар минтақаҳои гуногун ва гӯё аз нуқтаи назари "обнокӣ" шароити хубдошта бештар ошкор мегардад. Ба ин, аз он ҷумла натиҷаҳои Форуми байналмилалии Душанбегӣ оид ба обитоза равона карда шудааст. Қабули қарордод оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт" хусусияти ҷавҳарӣ дорад. Мақсади ниҳоии "Даҳсола" кӯмаки амалӣ дар татбиқи вазифаҳое, ки дар Қарордоди даҳсола дарҷ гардидааст, пешгирии истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои об бо роҳи таҳияи стратегияи фаъолияти хоҷагии об аз сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ то минтақавӣ, ки он дастрасии адолатнокро ба миқдори зарурии об имконият медиҳад, мебошад. Мақсади муҳими дигар ин ҳалли яке аз вазифаҳои калидии мақсадҳои рушди ҳазорсола маҳз ду маротиба кам кардани шумораи аҳолии замин, ки ба оби бехатар дастрасӣ надоранд, мебошад.

Конфронси Байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар

Аз 30 май то 1 июни соли 2005 дар ш. Душанбе Конфронси байналмилалӣ доир ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар баргузор гардид. Конфронс таҳти сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва институтҳои системаи СММ барпо гардид. Дар кори Конфронси байналмилалӣ намояндагони зиёда аз 50 давлати ҷаҳон ва 103 ташкилотҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, ғайридавлатӣ, башардӯстӣ, экологӣ, ҳавзавӣ, хусусӣ ва дигарон иштирок варзиданд.

Дар конфронс масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

- ҳаракат барои сулҳ ва рушд бо роҳи беҳтарсозии идо ракунии захираҳои об (нишасти аввали пленарӣ);

- баррасии хулосаҳо ва анҷоми конфронс (нишасти дуюми пленарӣ);

- идоракунии устувори обҳои байнисарҳадӣ, омӯзиши таҷрибаҳо;

- идоракунии ҳамгироишудаи захираҳои об;

- мушкилоти идоракунии якҷояи захираҳои об;

- иштироки ҷомеа дар инкишофи ҳамкориҳо дар масъалаҳои об;

- Осиёи Марказӣ: таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ;

- такмили иқтидорҳо дар идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар.

Инчунин дар конфронс сегменти вазирон дар мавзӯи "Таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ" ва сексияи кӯдакону ҷавонон "Оби тоза ба кӯдакони замин" ташкил карда шуда буданд. Намоиши васеи дастовардҳои муосир дар соҳаи идоракунии захираҳои об, истифодабарӣ ва ҳифзи онҳо аз ифлосшавӣ ташкил карда шуд. Ҳуҷҷати ҷамъбастӣ - Муроҷиати иштирокчиёни Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар ба ҳукуматҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва тавсияҳо буданд. Дар тавсияҳои Конфронси байналмилалӣ омадааст:

- гузаронидани чорабиниҳои мушаххас оид ба беҳтаркунии таъмини оби ошомиданӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар масъалаҳои об;

- дипломатияи обӣ бо назардошти аҳамияти об барои инсон, тамоми мавҷудоти зинда, муҳити атроф ва муносибатҳои давлатҳо ва мардумон, инчунин бартараф кардани баҳсҳои гуногун ва вазъҳои низоъӣ бо истифодаи чорабиниҳои сулҳпарварона тавассути ҳамкориҳои минтақавӣ;

- беҳтар намудани идоракунии захираҳои оби дарёҳои байнисарҳадӣ ва дигар объектҳои об бо роҳи такмили шартномаҳои дарозмуддати байналмилалии манфиатноки дутарафа ва бисёртарафаи мавҷуда, қабул ва дар амал татбиқ намудан аз тарафи ташкилотҳои ҳавзавӣ ва байнидавлатӣ;

- баланд бардоштани сатҳи истифодабарии иқтидорҳои гидроэнергетикии минтақа дар шаклҳои қобили қабули экологӣ ва иқтисодӣ;

- беҳтар намудани огоҳии аҳолӣ доир ба масъалаҳои об, бо назардошти таҳдидодҳо дар ҳазорсолаи сеюм;

- дар амал татбиқ намудани технологияҳои сарфакунандаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ бо диққати махсус додан ба давлатҳои рӯ ба тараққӣ ва давлатҳои иқтисодиёташон дар давраи гузариш қарордошта;

- ҳамкорӣ дар таҳия ва такмили қонунгузорӣ доир ба масъалаҳои об, мутобиқсозии он, ҳамоҳангсозӣ дар сатҳи минтақавӣ дар самтҳои ҳавасмандкунии сарфаи об, таҳкими механизми иқтисодии истифодабарии об;

- ба амал овардани шароитҳо ҷиҳати баланд бардоштани нақши зан дар идоракунӣ ва истифодабарии минтақавии захираҳои об ба хотири хушбахтии оила, тарбияи насли наврас ва рушди устувори ҷамъият:

- истифодаи иқтидорҳои ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, ташкил намудани муносибатҳои шарикона, ташаббусҳои ҷараёнҳои қонунэҷодкунӣ доир ба такмили меъёрӣ-ҳуқуқии истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об;

- ба ҳисоб гирифтани омилҳои тағйирёбии глобалии иқлим дар барномаҳои дарозмуддати истифодабарӣ ва ҳифзи об.

Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи аҳли сайёраро борҳо барои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об ҷалб намудааст. Раванди тағирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, хушкшавӣ ё биёбоншавӣ дар баъзе аз минтақаҳои ҷаҳон, обхезиҳои шадид ва дигар офатҳои табиӣ, ки аз вайрон шудани муҳит ё низоми табиат дар тамоми ҷаҳон сар мезананд, бо масъалаи дастрасӣ ба об, паҳн шудани бемориҳои сирояткунанда тариқи ифлос шудани оби ошомиданӣ масъалаҳои мубрам ва глобалие мебошанд, ки ба ҳаёти имрӯза ва ояндаи аҳолии ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад. Оғози асри XXI барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон давраи пешниҳоди ташаббусҳои наҷибона, ки заминаи амали рушди устувори кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ба ҳисоб меравад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон тавассути кўшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ устуворона мавқеи хешро дар арсаи байналмилалӣ бештар тақвият дода, дар баробари он сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳаёти фарҳангию маънавии кишвар ба сатҳи сифатан нав инкишоф меёбад.

Дар ҷаҳони имрўза, новобаста аз мушкилоти гуногуни муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои дастаҷамъонаи кишварҳои олам барои дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои дорои хусусияти умумибашарӣ равшан ба назар мерасад. Дар доираи ин фаъолияти густурда, ҷалби амалҳои созандаю хайрхоҳонаи давлатҳои аъзо, таваҷҷуҳ ба ҷустуҷў ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ пайваста зоҳир мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чандин маротиба тавонист бо таҳия ва пешниҳодҳои муҳим дар мавриди ҷустуҷў ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Ин иқдомҳои шоиста кишвари моро дар пеши назари оламиён ҳамчун кишвари ташаббускор ва дорои таваҷҷуҳи хос дар ҳалли мушкилоти сайёра муаррифӣ намудааст.

Боиси фараҳмандист, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи худро оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028” қабул намуда, дар лоиҳаи ин Қатънома ташаббускории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди эълон шудани «Соли 2003 - соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015”, “Соли 2013 - соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” махсус таъкид кардааст. Ин гувоҳи он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо маҳорати қобили таваҷҷуҳ дар мавриди татбиқи манфиатҳои миллӣ дар сатҳи ҳамкории байнамилалӣ пайваста кушиш ба харҷ медиҳад. Татбиқи барномаҳои марбут ба соҳаи об инъикосгари манфиатдор будани натанҳо Тоҷикистон, балки дигар мамлакатҳои дуру наздик мебошанд.

Татбиқи барномаҳо бо таъкиди он ки манбаъҳои обӣ барои рушди устувор ва аз байн бурдани камбизоатӣ ва гуруснагӣ дорои аҳамияти ҳалкунандаанд, барои рушди захираҳои инсон ва таъмини саломатию бурдбории инсон комилан зарур буда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва дигар ҳадафҳои марбут ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шуда, аҳамияти аввалиндараҷа доранд.

Маънии “рушди устувор” ин рушди бонизом буда, 3 омили асосии зеринро дар худ таҷассум менамояд:

               1.рушди босуръати иқтисодиёт;

               2. баробарии иҷтимоӣ;

               3. суботи экологӣ.

Зарурати қабули Қатъномаи мазкур ба он нигарониҳои умумибашарии зерин асоснок мегардад, ки барои ҳамаи кишварҳои олам дахл доранд: афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйироти иқлим, инчунин, набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об ва дар оянда авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба набудани дастрасӣ ба оби нушокии бехатар, хизматрасонии асосӣ дар соҳаи беҳдошт ва малакаҳои қавии тозагӣ, нобаробарӣ ба дастрасӣ, офатҳои гидрологӣ.

Манфиатҳои умумибашарӣ аз 3 ҷанбаи асосӣ вобастагӣ доранд:

1.Таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об. Баландшавии ҳарорати ҳаво дар садсолаи охир, ки боиси кам гардидан ва аз байн рафтани захираҳои об, аз ҷумла пиряхҳо гардид, мушкилоти инсонҳоро афзун намуда, дар ин замина офатҳои фоҷианокро ба бор овард. Дар давоми 60-соли охир ба андозаи аз 0,5 то 1,0 дараҷа селсий баланд гардидани ҳарорати ҳаво боиси таъсири манфӣ ба захираҳои обӣ гардида, ҳамасола ин раванд метавонад ба иқтисодиёти ҷаҳон то 2 триллион доллари амрикоӣ зарар расонад.

Офатҳои табиии марбут ба об хисороти молию ҷонии фоҷиаборро ба иқтисодиёти давлатҳо оварда, заминҳои ҳосилхез, маҳалҳои аҳолинишин, роҳҳо, купрукҳо, корезҳои обёрӣ, иншоотҳои гидротехникӣ ва одамону молу сарвати онҳоро ба коми офат мекашад. Солҳои 1987- 1997 дар натиҷаи офатҳои табиии ба шакли обхезӣ ва сели бавуқуъомада зиёда аз 28800 нафар одам ҷон бохта, иқтисодиёти давлатҳои ҷаҳон зиёда аз 136 миллиард доллари амрикоӣ зарар дид. Танҳо дар натиҷаи обхезии соли 2002 мамлакатҳои Аврупо 20 миллиард доллари амрикоӣ зарар дида, 100 нафар ҷон бохтаанд.

Дар даҳсолаҳои солҳои охир то 30% пиряхҳои Тоҷикистон об шуданд ва ин тамоюл, мутаассифона, то ҳол давом дорад. Масоҳати бузургтарин пиряхи кўҳӣ - Федченко дар Тоҷикистон ба андозаи то 2 км коҳиш ёфтааст. Соли 2016 соли гармтарин дар садсолаи охир буда, дар ин давра то 30% камшавии оби дарёҳои Аму ва Сир ба мушоҳида расидааст.

2. Мушкилоти экологӣ. Солҳои 80-уми асри гузашта инқилоби саноатӣ ба вуҷуд омад, ки истифодаи захираҳои барқарорнашавандаи табиӣ, аз ҷумла нафту газ, ангишт зиёд гардида, сабаби зиёдгардии гази карбон дар атмосфера ва халалдоршавии суботи экологӣ гардид. Ҳоло ҳисороти офатҳои табиӣ ба мардум ва иқтисодиёти кишварҳо ҳамасола зиёда аз 60 миллард доллари амрикоӣ арзёбӣ гардида, бар замми ин ҳамасола 1,2 миллиард нафар аз офати табиии хушксолӣ ва биёбоншавӣ азият мекашад. Солҳои 1990 – 2001 дар ҷаҳон 2200 офати табиии хурду калони марбут ба об ба вуқуъ омадааст, ки 50%-и онро обхезӣ, 28%-ро паҳншавии касалиҳои сироятӣ ва 11%-ро хушксолӣ ташкил медиҳад. Ба вуқуъ омадани ин офатҳои табиӣ дар Осиё 35%, Африқо 29%, Америка 20%, Аврупо 13% ва Океания 3%-ро ташкил додааст.

Аз 10 намуди офатҳои табиии маъмул дар Тоҷикистон 7 намуд ва ё 70-и онҳоро офатҳои табиии марбут ба об ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муҳофизати шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1997–2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3194 офати табиӣ ба амал омадааст, ки аз он 1371 ҳодисаро ё 42,9% -ро сел, 550 ё 17,2%-ро тармафароӣ, 229 ё 7,2%-ро ярч, 185 ё 5,8%-ро обхезӣ, 83 ё 2,6%-ро барфу хунукӣ, 58 ё 1,8%-ро хушксолӣ ва 53 ё 1,6%-ро борону жола ташкил додааст.

3. Татбиқи барномаҳои иқтисоди сабз. Энергетика ба яке аз омилҳои муҳимтарини ҳастии давлатҳои олам табдил ёфта, бе рушди он рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ғайриимкон гардидааст. Тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рўйи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрўз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад.

Иқтисоди сабз фарогири асосан истифодаи захираҳои барқароршавандаи табиӣ ба мақсади истеҳсоли неруи барқ мебошад, ки суботи экологиро халалдор наменамояд ва ба муҳити атроф таъсири манфӣ намерасонад. Иқтисоди сабз имкони дастрасӣ ба барқи арзонро дар ҳамбастагӣ бо суботи экологӣ фароҳам меоварад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаи энергетика муяссар шуд, ки дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ бо маблағгузории 36 миллиард сомонӣ иншооти хурду бузурги муҳимми истеҳсолу интиқоли барқро ба истифода дода, низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардад ва зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шавад.

Бо назардошти он, ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ҳисобида шуда, ба мақсади ноил шудан ба ин ҳадаф ва азхудкуниву истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикии мамлакат ҳоло 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуда истодаанд.

Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро метавон мухтасаран чунин баён намуд:

1. Баланд бардоштани сатҳи донишу огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ, миллӣ, ҳамкории байни сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҷалби занон, ҷавонон, намояндагони илму маориф ва соҳибкорон дар раванди баррасӣ ва ҳалли мушкилоти марбут ба идоракунии захираҳои об;

2. Ба назари эътибор гирифтани дастоварду комёбиҳои даҳсола, инчунин, тазоду норасоиҳои раванди иҷрои вазифаҳои он;

3. Зарурати такмили усули гендерӣ дар идоракунии захираҳои об;

4. Тавсеаи ҳамкории илмиву технологӣ вобаста ба василаҳои сарфакорӣ ва кам намудани талафоти об;

5. Таъмини ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об, ки яке аз омилҳои сулҳу субот ба ҳисоб меравад.

6. Истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои об ҷиҳати тавсеа бахшидани рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки омили коҳиш додани камбизоатӣ мебошад.

7. Идораи захираҳои об ба мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва саноат.

Даҳсолаи мазкур ташаббус ва иқдоми бузурги башардўстонае ба шумор меравад, ки дар амал татбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо сокинони сайёра беҳбудӣ ва хушбахтӣ меорад ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори ин иқдом боло мебарад.

Акунун даҳсолаи нав ба масъалаҳои норасоии об, санитария, самаранокии (маҳсулнокии) экосистема, партовобҳо ва зарурати таъмини идораи ҳамгироёнаи захираҳои об, хатарҳои марбут ба об ва ба ҳамбастагии ҳадафҳои гуногуни рушди устувор таваҷҷуҳ менамояд.

Мақсадҳои Даҳсолаи байналмилалии нав зиёд намудани таваҷҷуҳ ба рушди устувор ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об барои ноил гаштан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ –иқтисодӣ ва ҳифзи табиат, рушди ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳама сатҳҳо барои мусоидат дар татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқгардонидашудаи рушди устувор дар давраи то соли 2030 мебошад, ки ба захираҳои об вобастаанд.              

Шуъбаи тарбия


05.05.2021 109