Давраи натиҷагирии корҳои илмӣ- тадқиқотӣ дар мавзӯи “Омӯзиши хусусиятҳои шадиди гепатопротектори ГПЛив-8 дар ҳамбастагӣ бо CCl4”
Дар бахши фармакологияи эксперименталӣ таҳти роҳбарии профессор Азонов Ҷ.А. ва мутасаддӣ Ҷалилов Ғ.Қ. дар мавзӯи “Омӯзиши хусусиятҳои шадиди гепатопротектори ГПЛив-8 дар ҳамбастагӣ бо CCl4” дар 24-адад калламӯшҳои сафеди озмоишӣ натиҷаҳои даврагӣ ба анҷом расонида шуд. Барои натиҷагирии омӯзиши хусусияти талхаронии маводҳои зикргардида 15 амалиёти ҷарроҳҳии обияткашии холедох дар ҳайвоноти озмоишӣ (калламӯшҳои сафед) гузаронида шуд. Баъд аз лапаротомия маҷрои умумии талхагузар (холедох) обияткашӣ карда шуда, аз талхаҳои хориҷшуда ташхис гузаронида шуд.
Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ