Дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 мини конфронси илмӣ баргузор шуд

Дар  кафедраи бемориҳои  кӯдаконаи №2 мини конфронси илмӣ баргузор шуд

Дар  кафедраи бемориҳои  кӯдаконаи №2  дар мавзӯи  «Комаи гипоксикӣ»  мини конфронси илмӣ баргузор шуд. Дар он мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2, дотсент, н.и.т. Давлатова С.Н., дотсент, н.и.т. Хоҷаева Н.Н., кормандони кафедра, табибон, ординаторҳои клиникии курсҳои якум ва дуюми таҳсил, интернаҳо ва донишҷӯён. иштирок намуданд.

Сараввал дотсенти кафедра н.и.т. Хоҷаева Н.Н. чорабиниро оғоз намуда, дар бораи комаи гипоксикӣ ва ташхису табобати он маълумот  дод. Духтури атфол – интерн Катхудзода Бибисоро бо маърӯза дар мавзӯи «Комаи гипоксикӣ» баромад намуд.

Давлатова С.Н. дотсент, н.и.т. - мудири кафедра

Хоҷаева Н.Н. -мутасаддии кафедра оид ба кор бо интернаҳо ва ординаторҳо 


28.01.2022 197

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php