Дар донишгоҳ давраи якуми иммунизатсия ба зидди сирояти коронавирус COVID-19 ба анҷом расид
Ба мақсади пешгирӣ ва паст намудани шиддати паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар айни замон дар ҷаҳон 252 намуди ваксинаҳо дар марҳилаҳои гуногуни коркард қарор доранд. Аз ҷумла аз теъдоди умумии ваксинаҳои зикрёфта 79 ваксина дар марҳилаи тадқиқоти клиникӣ, 182 ваксина дар марҳилаи тадқиқотӣ токлиникӣ мебошанд. Аз ваксинаҳои маъмуле, ки имрӯзҳо бештар дар давлатҳои дунё дар ҳоли истифода мебошанд, ин ваксинаҳои Pfizer (ИМА), Moderna (ИМА), AstraZeneca (Бритониёи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон), Sinovac (Хитой), Johnson & Johnson (ИМА) ва Спутник V (Федератсияи Россия) мебошанд.
Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ҳамкорӣ бо сармоягузорон ва истеҳсолкунандагони ваксинаҳо, бо мақсади таъмин намудани дастрасии умумиҷаҳонӣ ба ваксинаҳои зидди COVID-19, Механизми СOVAX-ро таъсис доданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Механизми СOVAX дар қатори 92 давлатҳои дунё шомил аст, ки бо дастгирии Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия ваксинаи зидди COVID-19-ро ҳамчун кумаки башардӯстона барои иммунизатсияи 20%-и аҳолӣ дастрас менамояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 марти соли 2021, таҳти №83 ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 12 марти соли 2021, таҳти №231 аз санаи 22 марти соли ҷорӣ иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ оғоз гардид.
Дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” давраи якуми иммунизатсия аз 31-уми март шуруъ гардид. Дар Маркази ташхисию табобатии донишгоҳ тибқи талабот ҳуҷраҳои иммунизатсионии муваққатӣ ташкил карда шуданд ва бо маводҳои зарурӣ барои расонидани кумаки фаврии тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои номатлуби баъд аз иммунизатсия таъмин гардиданд. Дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” 2 нафар корманди Маркази ташхисию табобатӣ аз давраҳои омӯзишии кутоҳмуддат барои ваксинаторҳо гузаштанд.
Тибқи реҷаи иммунизатсия бо истифодаи ваксинаи AstraZeneca ваксинатсия бо гузаронидани ду вояи ваксинаи мазкур бо фосилаи 8-12 ҳафта гузаронида мешавад. То санаи 20 апрели соли ҷорӣ аз 1293 нафар кормандони асосии донишгоҳ 1064 нафар вояи якуми ваксинаро гирифтанд. Илова бар ин 172 нафар кормандони асосии донишгоҳ, ки асосан аз кафедраҳои клиникӣ мебошанд дар муассисаҳои табобатии дигар (пойгоҳҳои клиникии кафедраҳо) аз ваксинатсия гузаштанд. Ҳамчунин ба 48 нафар кормандони донишгоҳ бо сабабҳои вазъи саломатӣ ва ҳомиладорӣ ваксина гузаронида нашуд. Дар маҷмуъ, 1245 нафар кормандони донишгоҳ (дар якҷоягӣ бо 172 нафар, ки дар муассисаҳои дигар ваксина гирифтанд) аз давраи якуми ваксинатсия гузаштанд, ки ба 96,3% баробар аст. Гузаронидани давраи дуюми иммунизатсия дар моҳи июни соли ҷорӣ дар назар аст.
Муовинати корҳои муолиҷавӣ