Чорабинии таблиғотии “Пешгирии COVID 19!”

Чорабинии таблиғотии “Пешгирии COVID 19!”

Санаи  22 майи соли 2021  дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 бо иштироки мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С., профессор Аминов Ҳ.Ҷ.,  Қобилова Б.Ҳ, муаллимони калон Умаров Ҳ.У, Самиева Н.Ш., ассистентон Ҳотамова М.Н., Махмудова М.М., Бақоев Ф.С. ва ординаторону интернҳо, инчунин донишҷӯёни курси 4 ФТ гурӯҳҳои  50, 51 ва 54 чорабинии фарҳангии таблиғотӣ дар мавзӯӣ “Пешгирии COVID 19!” баргузор шуд. Дар аввали чорабинӣ ассистенти кафедра  Бақоев Ф.С. суханронӣ  намуда, гуфт, мусаллам аст, ки имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон дар баробари дигар миллату халқҳои олам аз вазъи ногувори баамаломада – пандемияи сироятии коронавирус дар изтиробанд. Албатта, табиист, ки мо ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастем ва ин изтиробу нигарониҳои мо беҳуда нест, аммо мо бояд бештар аз ҳарвақта муттаҳид бошем, мардумро ба оромӣ, сабурӣ ва таҳаммул даъват намоем, то ки ба эҳсос, ҳарос ва воҳимаву таҳлука наафтанд.

Бо саъю талош, яъне бо риояи чораҳои пешгирӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, ҷамъиятӣ, парҳез аз рафтуомад ба ҷойҳои серодам, мо бояд ба муқобили ин беморӣ мубориза барем ва барои баланд бардоштани масунияти бадани худ талош варзем. Пешгирии ин беморӣ аз талошу кӯшиши ҳар шаҳрванди мамлакат ва ҳар нафаре, ки вориди кишвари мо мегардад, вобаста аст. Ҳадаф ва мақсади аслии ҳамаи мо ҳифзи солимии миллат мебошад!

Сипас  донишҷӯи курси 4 ФТ аз гурӯҳи  54 Исматова Моҳира  бо презентасия баромад намуда, оиди  аломатҳои асосии беморӣ  маълумот дод: Таби баланди бадан дар 90% ҳолат, сулфаи хушк бо миқдори ками  балғам, дар 80% ҳолат, ҳис кардани фишор дар қафаси сина, нафастангӣ, миалгия.

Дар охир муаллимон ва донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро  баён намуданд.

Мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1  -  Мамадҷонова Г.С.

Мутассадӣ оид ба корҳои тарбиявӣ  -  Ҳотамова М.Н.

 


24.05.2021 255

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php