Чорабинии пешазинтихоботӣ
Рӯзи 11-уми октябри соли 2020 дар саросари кишварамон маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар он ҳатмӣ мебошад. Вобаста ба ин дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, дар доираи кафедраҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳо бахшида ба рузи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 бахшида ба рӯзи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ бо намоиши филм шуда гузашт.Мудири кафедра д.и.т., профессор Мустафақулова Н.И. дар бораи сулҳу ваҳдат, дастовардҳо, ҳаёт ва фаъолияти Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сухан ронданд. Омӯзгори калони кафедра Шарифов М.М. дар бораи гузаштаи миллати хеш, ватандӯстӣ, меҳнатқаринӣ, хушбахтии инсон маърӯза намуд. Духтур интерн Сайфиева Нигина ва донишҷӯёни курси 2-юм Ташрифзода Шукрона, Умаров Санҷар, Сатторзода Аниса, Туриқулова Муниса, Парпиева Гулоро, Азизқулов Шоҳрӯз, Зарифзода Давлатмалик, Қандов Алишер, Ҷамшедова Ҳалима дар васфи Модар–Ватан, даврони истиқлолият шеърҳо қироат намуданд.
Дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2 вобаста ба рӯзи интихобот бо донишҷӯен ва ассистентони кафедра ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин мавзӯъ асситентони кафедра ва донишҷӯен баромад карданд. Ҳозирин ҷонибдории худро аз номзади арзанда – Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ баён карданд.
Шӯъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа