Чорабинии фарҳангӣ- таблиғотӣ дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи№1
Санаи 8 май дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи№1 чорабинии фарҳангӣ- таблиғотӣ бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси 4 факултаи тиббӣ гуруҳи 52дар мавзӯӣ «Иди Ғалаба » гузаронида шуд. Дотсенти кафедра Қобилова Б.Х. зимни суханронӣ қайд намуд, ки иди ғалабаи бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ собитгари ҳамбастагии халқҳои дӯсту бародар, хизматҳои беназири таърихӣ, пирӯзии нерӯҳои солиму озодихоҳ бар қувваҳои истилогари фашистӣ мебошад. Башарият аз замони пайдоиши худ ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ҷанги дуюми ҷаҳон аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзидааст. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштаанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштаанд.
Донишљӯ Саминзод Шаҳриёр дар баромади хеш аз ҷумла қайд намуд, ки имрӯз мо хотираи қаҳрамонони барои ояндаи хушбахти мо мубориза бурдаро қадр мекунем ва барои мардонагӣ ва шуҷоат сипос баён менамоем. Бигузор Ғалабаи мазкур ба кирдорҳои хуб ва ҷасоратҳо илҳом бахшад. Хоҳони бахт, сулҳ ва беҳдудием!
Дар охири ҷаласа муаллимон ва донишљӯён андешаҳои худро оид ба мавзӯъ баён намуданд.
Мудири кафедра - Мамаджанова Г.С.
Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ - Ҳотамова М.Н.