Чорабинии баҳорӣ дар кафедраи тибби оилавии №2
Санаи 01.05.2021 дар пойгоҳи кафедраи тибби оилавии №2, МД Маркази саломатии шаҳрии №12, таҳти роҳбарии ассистенти кафедра Раҳматуллоева З.Р. бо иштироки донишҷӯёни факултети тиббӣ бахши 5, гурӯҳи 24 чорабинӣ бахшида ба рӯзи «Баҳор ва Меҳнат» гузаронида шуд. Донишҷуён дар рафти шанбегӣ дар замини ба кафедра вобаста карда шуда ҷуйбору роҳравҳоро аз партовҳо тозаву озода намуда, бехи ниҳолҳоро нарм карданд.
Бояд гуфт, ки 1 майро чун рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткакшон (Рӯзи меҳнат) дар 142 кишвари дунё ҷашн мегиранд.
1 май дар замони собиқ СССР чун рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон ҳамасола бо тантанаҳои зиёд ҷашн гирифта мешуд. Иди 1 май имрӯз низ дар бештари ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, албатта, бо номҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад.
Дар Русия ва Тоҷикистони азизамон ҳамчун Иди Баҳор ва Меҳнат, дар Қазоқистон Иди якдилии халқҳои Қазоқистон, дар Белорусия чун Рӯзи Меҳнат, дар ИМА аз соли 1947 1 майро ҳамасола чун Рӯзи Вафодорӣ ҷашн мегиранд.
Ассистенти кафедра - Рахматуллоева З. Р.