Чорабинӣ бахшида ба зодрӯзи шоир
20 майи соли ҷорӣ дар толори хониши бинои 6 МД ММТ ҶТ бо донишҷӯёни гурӯҳҳои 1 ва 2-и курси 4-и факултети стоматологӣ ва интернаҳои кафедраи бемориҳои дарунии №3 чорабинӣ бахшида ба 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Лоиқ Шералӣ гузаронида шуд. Мухтасар дар бораи зиндагиномаи ин марди накӯном ва зиндаёд, Раиси Шӯрои бонувон Ҳоҷиева Г.Б. гуфта гузашт. Модарномаҳои Лоиқ дар таърихи адабиёти тоҷик мақоми махсус дошта, симои модар мағз андар мағзи эҷодиёти ӯро ташкил додааст. Вай муаллифи китобҳои “Сари сабз”, “Илҳом”, “Нӯшбод”, “Соҳилҳо”, “Ташнадил”, “Хоки ватан”, “Марди роҳ”, “Варақи санг”, “Хонаи чашм”, “Рӯзи сафед”, “Хонаи дил”, “Офтобборон”, “Дасти дуои модар”, “Аввалу охири ишқ”, “Куллиёт” мебошад. Тарзи сухани Лоиқ нотакрор аст, вай аз дили мардум ва барои мардум мегӯяд. Дар силсиларубоиҳои “Ҷоми Хайём” гуфтааст:
Хайём суханҳои ту нотакрор аст,
Ҷоми хиради ту ҷовидон саршор аст.
Ҳар кас, ки нахӯрд ҷоми ту, мастӣ кард,
Ҳар кас, ки бихӯрд, оқилу ҳушёр аст.
То ном физоӣ, нафси худро кам кун,
Одамгарӣ кун, валек бо одам кун.
Мегуфт даравгаре ба ман вақти дарав:
Чун хӯшаи чандум ба замин сар хам кун.
Дар вақти ҷавониям ҷавонӣ кардам,
Бар домани ёр дилфишонӣ кардам,
Афтодам агар, фитодам аз дори баланд,
Бо номи баланд зиндагонӣ кардам.
Донишҷӯён аз шеърҳои Лоиқ Шералӣ порчаҳо қироат карданд.
Азбаски донишҷӯён дар кафедраи клиникӣ бо беморони вазнин сару кор доранд ва равиши бемориҳоро меомӯзанд, оиди муошират бо беморон, риоя намудани деонтологияи тиббӣ бо онҳо сӯҳбат гузаронида шуд.
Шӯрои бонувон