Чароғи Бӯалӣ бо мост имрӯз...
Боиси ифтихор аст, ки ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар, ки сатҳи байналмилалӣ дорад, ба шумор рафта, дар баргузории Анҷуман ва конфронсҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ мавқеи хоса дорад. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар донишгоҳ бо ташаббуси Ректори он д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳи Қурбоналӣ имрӯз тамоми шароитҳо барои баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд ва байналмилалӣ фароҳам оварда шудааст. Анҷумани дуюми ҷумҳуриявии илмию амалии табибони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар толори Синои донишгоҳ баргузор шуд, гувоҳи гуфтаҳои болост.
Дар кори Анҷуман зиёда аз 400 нафар вакилон, аз ҷумла олимони шинохта ва мутахассисони варзидаи тибби тоҷик аз муассисаҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд. Пеш аз оғози Анҷуман ҳамагон филми ҳуҷҷатӣ дар бораи олимону профессорони соҳаи тиб, ки барои рушди тибби тоҷик хизмати шоиста намуда, дар солимии миллат саҳми босазо гузоштаанд, тамошо намуда, лаҳзае аз ҳаёту фаъолияти эшон ёдоварӣ намуданд.
Стратегияи солимии ҷомеа ва сиёсати тандурустӣ, тибби инноватсионӣ, дастовардҳои тибби амалия, масъалаҳои мубрами пешгирӣ ва табобати бемориҳои диабети қанд, гепетитҳои вирусӣ, тибби оилавӣ, соҳаи ҷарроҳӣ, солимии репродуктивӣ, омодасозии кадрҳои тиббӣ, технологияҳои инноватсионии таълим ва ғайра аз масъалаҳоеанд, ки мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Олимзода Насим Хоҷа-Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, дар мавзӯи “Дастовардҳои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон” то имрӯз дар маҷмуъ ба беш аз 612 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва 41 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, дар 6 моҳи соли 2019 бошад, ба 56 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 6 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст. Ба гуфтаи Вазири тандурустӣ соҳаи ҷарроҳӣ, аз ҷумла ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард дар Тоҷикистон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст.
Дар Анҷуман инчунин масъалаи пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи беморони гирифтори гепатитҳои вирусӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд қайд кард, ки бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо Системаи ягонаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ таъсис дода шудааст. Аз 1 январи соли 2015 муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ба Системаи ягонаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ бо тарзи мустақим (он-лайн) ворид намудани маълумоти омориро оид ба беморшавии аҳолӣ тавассути шакли №036 (талони омории ташхисҳои ниҳоӣ) ва муассисаҳои сохтори госпиталӣ ворид намудани маълуморти омориро оид ба сохторҳои госпиталӣ тавассути шакли №020 (корти омории аз беморхона ҷавобшуда) бо истифода аз барномаи компютерии DHIS2 анҷом медиҳанд.
Дар раванди Анҷуман олимону профессорони соҳаи тибби тоҷик бо маърузаҳои ҷолиб баромад намуда, аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории хешро изҳор намуда, ваъда доданд, ки тамоми нерӯ ва қувваи хешро барои солимии миллат равона месозанд.
Анҷуман кори худро бо муҳокима ва қабули резолютсия ба анҷом расонид.
С.А.Таибов, Сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия,
З.Г. Турсунова Сармутахассиси шуъба