Барномаи мубодилаи академӣ

Барномаи мубодилаи академӣ

Дар доираи барномаи мубодилаи академӣ “Эразмус +” байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Шӯъбаи саломатии ҷамъиятии Донишгоҳи Милан, Италия профессор Орсола Гамбини ба кафедраи психиатрия ва наркология ба номи проф. Ғуломов М. Ғ. ташриф овард.

Профессор Орсола Гамбини аз санаи 22 то 27-ум ба донишҷӯёни курси панҷуми факултаи тиббӣ, доир ба мавзӯҳои “Беиштиҳоӣ ҳангоми бемориҳои рӯҳӣ”, “Таъсири урбанизатсия ба ҷараёни бемориҳои рӯҳӣ”, “Маҷзубият”, “Ноҷуриҳои хоб ҳангоми бемориҳои рӯҳӣ”, “Стигма ва бемориҳои рӯҳӣ” маърӯза пекард.

Инчунин байни профессор Орсола Гамбини ва устодони кафедраи психиатрия ва наркология ба номи профессор М. Ғ. Ғуломов вобаста ба масъалаҳои актуалии соҳаи солимии рӯҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.       

Н.М.Шарапова,  мудири кафедра, д.и.т.,проф


2
1
04.05.2019     75