Баргузории Семинари Мактаби тобистонаи тиббии байналмилалӣ тариқи маҷозӣ

Баргузории Семинари Мактаби тобистонаи тиббии байналмилалӣ тариқи маҷозӣ

10-уми июни соли ҷорӣ  дар  МДТ "ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино" дар якҷоягӣ бо Якумин Донишгоҳи давлатии тиббии Санкт-Петербург ба номи академик Павлов Мактаби тобистонаи тиббии байналмилалӣ  дар мавзӯи "Физиология ва патофизиологияи эндотелӣ" семинари илмӣ дар шакли онлайн гузаронида шуд.

Муовини ректор оид ба илм ва нашрияи донишгоҳ д.и.т. Муҳаббатов Ҷ.Қ. бо сухани муқаддимавӣ баромад карда, аз номи Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамаи иштирокчиёнро хуш омадед гуфт. Ӯ дар бораи ҳамкорҳои босамари ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо Якумин Донишгоҳи давлатии тиббии Санкт-Петербург ба номи академик Павлов ишора намуда гуфт, ки далели ин гуфтаҳо шумораи зиёди мутахассисони тоҷик аст, ки  дар вақташ ё дар ин донишгоҳ таҳсил кардаанд ва ё имкони ҳимояи рисолаи илмӣ дар ин муассисаи бонуфузро доштанд. Муовини ректор оид ба илм ва нашрия барои баргузории ин ҳамоиши илмӣ, ки тариқи  онлайн мегузарад, изҳори сипос намуд.

Дар ҷараёни семинари маҷозӣ аз Якумин Донишгоҳи давлатии тиббии Санкт-Петербург ба номи академик Павлов д.и.т.,профессор Власов Т. Д. ва н.и.т. Симаненкова А.В. бо маърӯза баромад намуданд.

Аз МДТ "ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино" д.и.т.,профессор Табаров М.С., кафедраи физиологияи  патологӣ ва Хоҷаева М.Х. н.и.т., муаллими калони кафедраи физиологияи  патологӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Ҳамчунин, намояндагони кафедраҳои эндокринология, физиологияи  патологӣ, бемориҳои пӯсту зуҳравӣ, асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббии МДТ "ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино" дар ҷараёни семинар ширкат доштанд.     

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


10.06.2021 244

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php