БАРГУЗОРИИ РӮЗИ МАВЛОНО ДАР ДОНИШГОҲИ ТИББӢ
Санаи 30.09.2021 бо ташаббуси ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Гулзода М.Қ., Шурои занон ва духтарон ва кафедраи забони тоҷикии МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бахшида ба зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии илмиву фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ садри маҷлис, муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ Зуҳуров Н. Б. ҳозиринро хайра мақдам гуфта, оид ба зиндагинома ва мавқеи Мавлоно дар байни олимону мутафаккирони сатҳи ҷаҳонӣ суханронӣ намуд.
Раиси Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ Сайфутдинова М.Б. оид ба китоби “Маснавии маънавӣ” ва ҷанбаҳои илмиву тарбиявии он баромад намуд.
Дар рафти чорабинӣ устодон ва донишҷӯёни курси якуми факултетҳои тиббӣ-профилактикӣ ва фармасевтӣ аз ашъори безаволи Мавлоно шеърҳо қироат ва сурудҳо замзама намуданд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ маърӯзаи роҳбари ҷамъияти илмии донишҷӯёни кафедраи забони тоҷикӣ “Авҷи Зуҳал” Суфиева Г.А. манзури иштирокчиён гардонида шуд.
Қобили зикр аст, ки гузаронидани ин қабил чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ дар Донишгоҳи тиббӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Шӯрои занон ва духтарон