Баргузории маҳфили таълимӣ-илмии «Хониши синоӣ»

Баргузории маҳфили таълимӣ-илмии «Хониши синоӣ»

Бахшида ба 80- солагии таъсисёбии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино санаи 1-уми феврали соли 2019 дар бинои нави Маҷмааи таълимии шаҳраки «Шифобахш» маҳфили таълимӣ-илмии «Хониши синоӣ» баргузор гардид.

Сараввал муовини ректор оид ба таълим, д.и.т., профессор  Ибодов С.Т. сухани ифтитоҳӣ намуда, қайд кард, ки “Чун анъанаи нек ҳамасола баъди ҷамъбасти сессияи зимистона дар донишгоҳамон маҳфили таълимӣ-илмии “Хониши синоӣ” баргузор мегардад. Ҳадафи асосии ташкил ва гузаронидани ин чорабинӣ, аз як тараф бузургдошти хотираи мутафаккир ва табиби бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва омӯзиши афкори илмию бадеӣ ва ахлоқию фалсафии ин нобиғаи оламшумул бошад, аз тарафи дигар баррасӣ ва муҳокимаи беҳтарин маърӯзаҳои илмии олимони донишгоҳ вобаста ба осори Ибни Сино мебошад. Қобили зикр аст, ки солҳои охир дар доираи маҳфили “Хониши синоӣ” чунин мавзӯҳои муҳим, аз қабили «Саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб ва химия», «Таҳлили таълимоти фалсафии Абӯалӣ ибни Сино дар таҳқиқоти олимони тоҷик» , «Ислоҳоти таҳсилоти олии тиббӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, «Низоми кредитӣ дар таҳсилоти тиббӣ», «Муолиҷаи масунии сирояти роҳҳои пешобрав аз давраи Абӯалӣ ибни Сино то замони ҳозира», «Табобати гиперплазияи хушсифати ғадуди простата аз нигоҳи Абӯалӣ ибни Сино то имрӯз» ва ғайраҳо мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифтанд.”

Баъдан дар маҳфили “Хониши синоӣ” ҷонишини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷа Шарифова М.В. баромад намуда, таъкид кард, ки “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар баробари беҳтарин ва бонуфузтарин донишгоҳ буданаш, иқдоми пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистонро таъсис додааст, ки роҳбарии онро бевосита ректори хирадманди донишгоҳ Гулзода М.Қ. ба ӯҳда доранд.”

Зимни суханронияшон Шарифова М.В. аз ин иқдоми пешгирифтаи донишгоҳ изҳори миннатдорӣ ва ба кулли кормандони донишгоҳ барори кору мустаҳкамии дӯстии халқҳоро низ таманно намуданд.

Ҳамчунин, дар маҳфили “Хониши синоӣ” мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, д.и.т, профессор Саидов А.С. зери мавзӯи “Масъалаҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мудири кафедраи забони тоҷикӣ, д.и.ф., профессор Қосимов О.Ҳ. зери мавзӯи “Нақши Абӯалӣ ибни Сино дар рушди забони тоҷикӣ”, мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ, д.и.физ.-мат., профессор Шерматов Д.С. зери мавзӯи “Истифодаи технологияи информатсионӣ дар тиб”, ассистенти кафедраи бемориҳои сироятӣ Цой, В.Н. зери мавзӯи “Пешгирии бемории ВНМО ва гепатитҳои В ва С дар иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ассистенти кафедраи химияи заҳршиносӣ ва фарматсевтӣ Миҷгонаи Ш. зери мавзӯи “Саҳми Абӯалӣ ибни Сино ва мутафаккирони форсу тоҷик дар рушди химия, фарматсия ва тиб” бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад намуданд.

Дар ҷараёни маҳфили таълимӣ-илмии “Хониши синоӣ” барномаҳои фарҳангии омодакардашуда низ табъи иштирокчиёнро болида гардонид.

Муовинати таълим


1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
02.02.2019 997

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php