Баргузории курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои табибон
Бо мақсади бозомӯзии табибони ихтисосҳои маҳдуд доир ба муоина, ташхис ва табобати бемории сироятии корнавируси COVID-19 тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншоотҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.05.202, №395 рӯзи 27.05.2020 дар толори Синои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои 35 нафар табибони ихтисосҳои маҳдуди беморхонаҳо ва Марказҳои саломатии шаҳри Душанбе, аз ҷониби мутахассисони кафедраҳои донишгоҳ гузаронидани курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ оғоз гардид. Курси кӯтоҳмуддати омӯзишии мазкур аз 27.05.2020 то 29.05.2020 гузаронида мешавад.
Курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз тарафи мудири кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона н.и.т., дотсент Саидмуродова Г.М. ва мудири кафедраи бемориҳои дарунии №3 д.и.т., профессор Мустафоқулова Н.И. оид ба муоина, ташхис, табобати беморон ва роҳҳои худмуҳофизатии табибон аз рӯи тавсияҳои ТУТ (ВОЗ), “Протоколи клиникии муваққатии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории сироятии короновирусии нави COVID-19 дар байни кӯдакон”, “Дастурамали муваққатӣ оид ба муоина, ташхис ва табобати бемории сироятии коронавирусӣ - COVID-2019”, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд ва таҷрибаи табибони давлатҳои хориҷӣ гузаронида шуда истодааст.
Тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои табибони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва НТҶ ба нақша гирифта шудааст.
Хадамоти ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.
27.05.2020
800