Баргузории конфронси солонаи илмӣ – амалии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Баргузории конфронси солонаи илмӣ – амалии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

      23-уми ноябр бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 66-умин конфронси солонаи байналмиллалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Нақш ва мавқеи технологияҳои иноватсионӣ дар тибби муосир» ва дар доираи он Симпозиуми ҷарроҳони кӯдакон “Ҷарроҳии нуқсонҳои ташаккули атфол” ва Веб - симпозиум аз физиологияи нормалӣ баргузор гардид.


        Дар конфронс таҷрибаи ҷаҳони муосир оид ба рушди техналогияи иноватсионӣ ва тибби муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, тадқиқотҳои илмии мутахассисони соҳа ба баррасӣ кашида шуд.

      Барномаи илмии конфронс аз мавзӯҳои зерин иборат буд: муносибатҳои иноватсионӣ барои ҳалли мушкилоти рушди истеҳсоли дорувории ватанӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; эндопротезкунии мукаммал ҳангоми бемориҳои буғуми косу рон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; оиди кори Маркази ҷарроҳии нуқсонҳои инкишоф ва бемориҳои ҷигар, роҳҳои талха ва ғадуди зери меъда; тағйирёбии нейропептидҳо дар гиреҳҳои гардану қафаси синаи одам дар онтогенез; баҳодиҳии таҳсилоти тиббӣ; тамоюлҳои муосир ва дурнамои таҳсилоти олии тиббӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино; фаъолияти лоиҳаи Tutorial Эразмус+ “Устуворсозии шабакаи осиёӣ доир ба таҳсилот, тадқиқот ва инноватсияҳо дар соҳаи беҳдошти муҳити зист”; истифодаи самаранокии технологияҳои инноватсионӣ дар ташхису табобати бемориҳои гуногуни ҳамаи равияҳои тиб ва илми тибби- назариявӣ.


       Дар ҳамоиши илмии баргузорнамудаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мутахассисон аз 15 кишвари дуру наздик, аз ҷумла Русия, Белоруссия, Украина, ИМА, Олмон, Италия, Фаронса, Нидерландия, Шветсария, Словакия, Ҳиндустон, Эстония, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Арманистон иштирок намуданд.


         Нахуст ҷаласаи пленарии конфронсро ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ҳусни оғоз бахшида, баъдан Муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Камолзода М., мудири Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми ҶТ Фаррух Ҳайдаров ва ҳамчунин меҳмонони бурунмарзӣ профессори Донишгоҳи Милани Италия, роҳбари Фонди омӯзиш ва инкишофи саломатии касбии Лоиҳаи ЭРАЗМУС + Герт Ван Дер Лаан, профессори Донишгоҳи тиббии Шоҳигарии Ҳоланд Паул Смитз, профессори Донишгоҳи техникии Берлини Олмон Аня Мартина Виппер, профессори Донишгоҳи Тартуии Эстония Трин Вебер, профессори Рамакришна Миссия Донишгоҳи Вивеканандии Деҳлии Ҳиндустон Пранаб Наг, ректори Академияи давлатии тиббии шаҳри Ижевски Федератсияи Русия, профессор Стрелков Н.С., мудири кафедраи ҷарроҳии кӯдакони Донишгоҳи миллии тиббӣ-татқиқотии ба номи Н.И. Пирогови шаҳри Москваи Федератсияи Русия, профессор Разумовский А.Ю., муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Белорус профессор Руденок В.В., сарҷарроҳи кӯдаконаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз шаҳри Тошканд, профессор Салимов Ш.Т., профессори Донишгоҳи миллии тиббии Қазоқистон ба номи С.Д. Асфендияров, профессор Муҳаммадҷонов Э.К., профессори Донишгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкеки Қирғизистон Кенеш Джусупов, муовини ректори ДДТТ оид ба илм, мудири шуъбаи таълими ДДТТ, д.и.т., профессор Хоҷаева Н.М., профессори ДДТТ Қурбонов С.Х. ва дигар олимони ватаниву хориҷӣ суханони табрикотии хешро оид ба оғози кори конфронс ва масъалаҳои баррасишаванда ироа намуданд.



          Дар рафти конфронс 216 маърӯзаи илмии олимони машҳури Тоҷикистон, Русия, Белоруссия, Казоқистон, Ӯзбекситон, Ҳиндустон, Шветсария, Олмон, Нидерландия ва Италия, аз ҷумла 6 маърӯза дар ҷаласаи пленарӣ ва 210 маърӯза дар 12 ҷаласаҳои сексионӣ, шунида шуд.


        Маводҳои конфронс, ки 837 корҳои илмӣ – тадқиқотӣ, аз ҷумла 216 корҳои илмӣ - тадқиқотии хориҷиёнро ташкил медод, дар 2 ҷилд дар шакли китоб нашр гардид.


Дар охир Резолютсияи конфронс оид ба таҷрибаи олимони дохиливу хориҷӣ ва ҳамчунин малакаҳои бадастовардаи ҷаҳони муосир дар самти рушди технологияҳои иноватсионӣ дар тибби муосир қабул гардид.


        Ёдовар мешавем, ки дар рафти баргузории конфронс аз ҷониби Китобхонаи илмии донишгоҳ китобҳои муосири соҳаи тибби кишвар ва ҳамчунин маводҳои дорувории ватанӣ ба намоиш гузошта шуд.



   

    Маводҳои конфронс ҷилди I

    Маводҳои конфронс ҷилди II


       

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа


1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
27.11.2018 576

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php