Баргузории конфронси илмию адабӣ дар кафедраи забони тоҷикӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Баргузории конфронси илмию адабӣ дар кафедраи забони тоҷикӣ ба муносибати  Рӯзи забони давлатӣ

Рӯзи 4-уми октябри соли 2021 бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ конфронси илмию адабие баргузор гардид, ки дар ҷараёни кори он ҷамъе аз ҳайати устодону профессорон ва донишҷӯён ҳузур ёфтанд.

Маҳфил мудири кафедраи забони тоҷикӣ, д.и.ф., профессор О.Ҳ. Қосимов оғоз намуда, меҳмонони маҳфилро ба аҳли нишаст муаррифӣ кард.

Муовини ректор оид ба корҳои таълимиву методии донишгоҳ, д.ит., пррофессор С.Т. Ибодзода ҳозиронро бо ин ҷашни милливу давлатӣ муборакбод гуфта, аз хусуси равнақу ривоҷи назарраси забони давлатӣ дар даврони Истиқлолият сухан дар миён овард.

Мудири шуъбаи забоншиносии Институти забон, адабиёт ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, дотсент С. Мирзозода ҳозиронро ба муносибати ин санаи фархунда шодбош гуфта, махсусан оид ба дурнамои инкишофи забони давлатӣ таъкид намуд.

Номзади илми филология, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ М.Ҷ. Калонова гузориши муфассалеро зери номи “Сарвари давлат ва эҳёи забони давлатӣ”ба самъи ҳозирон расонид.

Гузориши донишҷӯйи курси I, гурӯҳи 6-уми педиатрӣ Н. Давлатшоҳзода “Забон рукни муҳими давлат аст” ном дошт, ки аз ҷониби ҳозирон истиқболи гарму самимӣ ёфт.

“Забони модариям” унвони лавҳаи зебои лирикие буд, ки аз забони донишҷӯйи курси II, гурӯҳи 25-уми тиббӣ М. Сулаймонова садо дод.

Иҷрои суруди “Ҷони манӣ” бар матни Мавлавӣ аз ҷониби донишҷӯйи курси I, гурӯҳи 2-юми тибби- профилактикӣ М. Бӯстонова сурат гирифт.

Донишҷӯён Б. Хушбахтӣ (курси VI, гурӯҳи 6-уми тиббӣ), С. Маҳмудова (курси I, гурӯҳи 2-юми тиббӣ-профилактикӣ), М. Сайдуллоева (курси I, гурӯҳи 3-юми тибби профилактикӣ), А. Худойбердиева (курси I, гурӯҳи 1-уми тиббӣ-профилактикӣ), Ф. Шокирова (курси I, гурӯҳи 2-юми стоматологӣ), Ш. Бобораҳимова (курси I, гурӯҳи 1-уми тиббӣ-профилактикӣ), М. Эргашева (курси I, гурӯҳи 2-юми тиббӣ- профилактикӣ), М. Бобозода (курси I, гурӯҳи 2-юми тиббӣ-профилактикӣ), А. Ёқубова (курси I, гурӯҳи 1-уми педиатрӣ) порчаҳои манзуми дилангезеро бо самимияти баланд қироат карданд.

С. Миралиева-донишҷӯйи курси I, гурӯҳи 5-уми тибби профилактикӣ бо рақсҳои дилнишини хеш фазои маҳфилро гармтар сохт.

Қобили қайд аст, ки нақши гардонандаи маҳфилро донишҷӯён А. Ғашзода ва М. Сайдуллоева (курси I, гурӯҳи 3-юми тибби профилактикӣ) ба дӯш доштанд.

Ҳамаи кормандони кафедра ба қадри тавону имкон дар кори баргузории нишасти мазкур ширкат ҷуста, саҳми муаллимаи калон Г.А. Сӯфива ҳамчун сарвари маҳфили “Авҷи Зуҳал” дар ин амри хайр назаррастар аз дигарон буд.

Муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ Зуҳурӣ Н.


05.10.2021 258

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php