Баргузории даври аввали мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2020, таҳти №498 дар бораи гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот байни дастаҳои мардона ва занонаи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» дар соли 2020 санаи 30.07.2020 дар толори кафедраи тарбияи ҷисмонии донишгоҳ даври аввали мусобиқаи шоҳмот байни кормандони муассисаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавии донишгоҳ н.и.т., дотсент Қобилов Қ.К. ифтитоҳ намуд. Ҳамзамон, дар чорабинӣ Нурхон Ҳаётзода - раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бозоров Носир - сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қосимов О.Ҳ. - мудири кафедраи забони тоҷикӣ, д.и.ф., профессор ва зиёда аз 60 нафар устодону кормандони донишгоҳ ширкат варзиданд. Ғолибони мусобиқа бо туҳфаю ҷоми хотиравӣ қадрдонӣ карда шуда, ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.
Шуъбаи фарҳанги ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.
30.07.2020
682