Ба тавсиб расонидани ёддошти тафоҳум оиди ҳамкорӣ миёни Сафоратхонаи Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Ба тавсиб расонидани ёддошти тафоҳум оиди ҳамкорӣ миёни Сафоратхонаи Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Дар санаи 5-уми июли соли 2019 ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ меҳмони олиқадр сафири Фавқуллода ва Мухтори кишвари Лаҳистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамзамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Петр Ивашкевич ва ёрдамчии сафир хонума Сайёра Тошпулатова ба ҳузур пазируфт. Бояд қайд намуд, ки дар соли ҷорӣ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино лоиҳаи грантии илмии “Ҷорӣ намудани таълимӣ мултимедӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, ки аз ҷониби сафоратхонаи ҷумҳурии Лаҳистон бо мақсади дастрас намудани таҷҳизотҳои илмӣ ҷудо гардида буд, бурд намуд. Оғози амалишавии лоиҳаи мазкур шурӯъ аз соли нави таҳсил дар назар дошта шудааст.


Мақсади асосии ташрифи сафири Фавқуллода ва Мухтори кишвари Лаҳистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамзамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Петр Ивашкевич ин ба тавсиб расонидани ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Сафоратхонаи Ҷумҳурии Лаҳистон мебошад. Қайд карда ба маврид аст, ки дар доираи лоиҳаи болозикр якчанд таҷҳизотҳо ҷиҳати гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ ба озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ дастрас карда мешавад. Таҷҳизотҳои воридшаванда барои омӯзгорон да донишҷӯёни донишгоҳ имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар маркази болозикр тадқиқодҳои илмии худро гузаронанд.

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ



1
2
3
06.07.2019 976

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php