Аз ҷониби ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино рӯзи 29 декабри соли 2018 дар шаҳри Душанбе “Аксия” гузаронида шуд
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бахшида ба Рӯзи Дониш - 1 сентябри соли 2018 дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, дар мулоқот бо донишҷуёну омӯзгорони донишгоҳ, кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ баён доштанд ва вобаста ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз ҷониби донишҷӯёну омӯзгорони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, дар назди боғҳои истироҳатию фароғатии ба номи устод Рӯдакӣ ва Садриддин Айнӣ рӯзи 29 декабри соли 2018, аз соати 14:00 то 15:00 “Аксия” гузаронида шуд.
Мақсади “Аксия” гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон ва паҳн кардани варақаҳои иттилоотӣ доир ба пешгирии сироятёбӣ аз ВНМО, вирусҳои гепатитҳою дигар бемориҳои сироятӣ, тарғиботи ҷойҳои таърихии Тоҷикистони маҳбубамон баҳри рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ, тарғиботи самаранок истифода бурдан аз обҳои шифобахши Тоҷикистони биҳиштосо, осоишгоҳҳои обҳои шифобахш ва эҳтиёткоронаю сарфакорона муносибат кардан ба оби нушокию обҳои мусаффои кишвари азизамон. Дар баробари гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон, инчунин варақаҳою буклетҳо оид ба пешгирии сироятёбӣ аз ВНМО, вирусҳои гепатитҳою дигар бемориҳои сироятӣ, ҷойҳои таърихии Тоҷикистон, осоишгоҳҳои обҳои шифобахш ва эҳтиёткоронаю сарфакорона муносибат кардан ба оби нушокию обҳои мусаффои Тоҷикистон ба шаҳрвандон дастрас карда шуд.
Аксия”аз ҷониби Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа, донишҷуён-волонтёрҳои факултети НТҶ, Шуъбаи кор бо ҷавонон, Иттифоқи касабаи донишҷӯён, кафедраи беҳдошти муҳити зист ташкил карда шуд. Дар “Аксия” сардори Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа, Носиров Қ.Н., мутахассиси шуъба Шукуров Қиёмиддин, мутахассиси Сомонаи донишгоҳ Умаров Комрон, сардори Шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О, раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯён Саидов И.С, ассистентони кафедраи беҳдошти муҳити зист Воҳидов А.В., Шарипов С.Ф. ва донишҷуён - волонтёрҳои факултети НТҶ –и донишгоҳ иштирок доштанд.
Ба “Аксия” шаҳрвандон таваҷҷуҳи баланд зоҳир карда, аз ҷониби онҳо “Аксия” хуш пазируфта шуд.
“Аксия”аз ҷониби ТВ “Душанбе” ба навор гирифта шуд ва рӯзи 31.12.2018 намоиш дода шуд.
Қ.Н. Носиров, сардори Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа, н.и.т., дотсент