Ҳаёти шахсони наҷиб

Ҳаёти шахсони наҷиб

     Санаи 22-уми декабр дар толори бинои нави таълимии донишгоҳ дар ш. Шифобахш  чорабинӣ аз силсилаи: «Ҳаёти шахсони наҷиб»  бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти илмии Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон,  доктори илми тиб, профессор, Тоҷиев Ёқуб Тоҷиевич ташкил карда шуд.

     Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ  муовини ректор оид ба корҳои таълим, д.и.т., профессор С.Т.Ибодов  ҳусни оѓоз бахшид. Ӯ зимни суханронии худ хизматҳои  профессор Тоҷиев Ёқуб Тоҷиевич -ро дар рушду нумӯи илми тиб  арзёбӣ намуд.


       Дар идомаи чорабинӣ ҳамкасбон ва шогирдони устод: д.и.т., профессор  Ҳомидов Н.Ҳ., Ортиқов К.П., Ҳусаинова А.А., Муллоев А.М.. Иномзода Ҷ.И. дар боби хислатҳои наҷиби инсонӣ,  табибӣ, омӯзгорӣ ва   асарҳои илмии   Тоҷиев Ё.Т.  сухан гуфтанд.

    Бахшида ба чорабинӣ нишондиҳандаи биобиблиографии Тоҷиев Ёқуб Тоҷиевич нашр гардида,  дар рафти чорабинӣ  асарҳои илмии ӯ  ва адабиётҳо дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин шахси наҷиб, ҳачунин ба намоиш гузошта шуданд.


 

Китобхонаи илмӣ,

Кафедраи нигаҳдории тандурустӣ ва омори тиббӣ


22.12.2018 615

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php