Ҷавонон дар масири Истиқлолият ва давлатдории миллӣ
Санаи 7 май дар толори Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Аҳорун» дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ҷавонон дар масири Истиқлолият ва давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи ин Фестивал дар даромадгоҳи муассиса ҷавонони ихтироъкори донишгоҳу донишкадаҳои олии шаҳри Душанбе дастовардҳои худро ба намоиш гузошта буданд. Ба намояндагӣ аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҷавонони МТИИ “Фарматсия” ва кафедраи Фармакогнозия ва ТИФ иштирок намуда, дастовардҳои донишгоҳро ба намоиш гузоштанд.
Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”
11.05.2021
354