Ҷашни Сада-иди қадимаи халқи тоҷик
28 январи соли 2021 аз ҷониби ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 Юсупова М.А. ва ординатори соли 2 Маҳмадулои Шералӣ конфронси тарбиявӣ бахшида ба “Иди сада” гузаронида шуд. Ҷаласаро мудири кафедра, н.и.т., Давлатова С.Н. оғоз намуд. Сипас, Маҳмадулои Шералӣ- ординатори бахши 2 оид ба таърих ва пайдоиши иди сада маълумот дод. Тавре зикр гардид, бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли 2019 ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйироти иловагӣ ворид намуда шуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30-юми январ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни иди сада таҷлил мегардад. Доир ба ин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин суханронӣ намудаанд: “Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар будаанд. Онҳо дарёфта будаанд, ки бар зидди нерӯҳои номурдаи бадӣ озар ё оташ ва раъду барқ муассир будаанд. Бар зидди торикӣ бошад, хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Аз ин рӯ, хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст”.
Давлатова С.Н. н.и.т., дотсент-мудири кафедра
Муҳаммаднабиева Ф.А. н.и.т. - мутасаддӣ оид ба корҳои тарбиявӣ