Ашк гавҳар мешавад дар дидаи гавҳаршинос!
Сарнавишти ҳар кишвар ва миллат дар дасти фарзонафарзандони ӯст ва тақдирро тадбиркунанда ҳам эшонанд. Хушбахтии миллати азияткашидаи тоҷик дар интихоби дурусти Сарвари хеш аст. Бо ба даст овардани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар муносибатҳои байналмилалӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, эълон дошт, ки фаъолияти он ҳамчун давлати комилҳуқуқ барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти байни давлатҳои соҳибистиқлол равона карда мешавад. Ин масъала дар Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бараъло дарҷ гардидааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор менамояд, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад».
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтаанд ва то имрӯз ҷумҳурии мо бо 179 кишвари ҷаҳон робитаҳои комили дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо такя ба равиши сиёсати «дарҳои кушода», сулҳдӯстӣ ва беғаразӣ, бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносиботи дӯстонаи ҳамкории баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд ва бо як қатори онҳо робитаҳои шарикии стратегиро барқарор сохтаву минбаъд онҳоро таҳким бахшид. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад. Яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон иштироки он дар фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Тоҷикистон дар баробари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкориро дар доираи ду созмони дигари дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ амалкунанда - Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ низ аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии худ мешуморад.
Соли ҷорӣ - 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон Раисии Созмони ҳамкории Шанхайро ба ӯҳда гирифт ва моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гашт. Дар ҷараёни мулоқот сарони кишварҳои СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон табодули афкор намуданд. Ҷаласаҳои пай дар пай баргузоргаштаи дорои хусусияти байналмилалӣ дар пойтахти мамлакат гувоҳ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бори дигар боиси таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор гирифт. Имрӯз сарварони кишварҳои аъзои ОДКБ, ШОС ва меҳмонони ин чорабинии таърихӣ тариқи расонаҳои итилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ фикру ақидаҳои хешро нисбат ба ободиҳои Тоҷикистон ва меҳмоннавозиҳои мардумаш баён намуда истодаанд, ки боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯст мебошад. Баимзорасии як қатор созишномаҳои муштарак барои рушди ҳамкориҳо байни давлатҳои аъзо мусоидат хоҳад кард. Федератсияи Россия шарики асосӣ ва муҳимми тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамчунин шарики стратегии калидии Тоҷикистон буда, дар бахши ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон мавқеи аввалро дар даст дорад. Мулоқотҳои сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин маҷмӯъи масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ду кишвар ва масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор дода, ҳавасмандии устувори худро ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия таъкид менамоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Белорус таъкид доштанд, ки мардумони Тоҷикистону Беларусро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд ва бо шарофати талошҳои муштарак муносибатҳои ҳамкорӣ байни кишварҳо дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав баромад. Президенти Белорус Лукашенко баъди бозгашт ба ватанаш иброз доштааст, ки нахустин гаҳвораи тамаддуни башарӣ - сарзамини тоҷикон аст. Он дорои таърихи қадимитарин, мардумони хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину оини солим аст. Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шуда, бо Афғонистону Хитой, Қирғизистону Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст ва қисмати зиёдашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Пас аз бист соли анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст.
Ин аст, ки ба қадри истиқлолият ва озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Пешвои миллатро гиромӣ доштан, роҳи интихобнамудаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан қарзи инсонӣ, виҷонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо - шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Таибов С.А. - сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
Муҳидинова М. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа