Ҳашари дастаҷамъона дар рӯзи якшанбе дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои тозаву озода нигоҳ доштани пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе ва донишгоҳ
Бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ рӯзи якшанбе, санаи 29 августи соли 2021 дар минтақаи вобасташудаи шаҳри Душанбе ва донишгоҳ якшанбегӣ - ҳашари умумидонишгоҳӣ гузаронида шуд.
Мутобиқи Нақшаи баргузории ҳашарҳои умуминоҳиявӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоли Сомонии шаҳри Душанбеи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 29-уми августи соли 2021 аз ҷониби Раёсати МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” 250 нафар донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ барои гузаронидани якшанбегӣ дар минтақаи вобасташудаи хиёбони Рӯдакӣ, аз буриши кӯчаи Карамов то буриши кӯчаи Саид Носир сафарбар карда шуданд.
Донишҷӯӯёну омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ дар хиёбони Рӯдакӣ аз буриши кӯчаи Карамов то буриши кӯчаи Саид Носир дар тозаю озода кардани роҳравҳо, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, гирду атрофи биноҳои баландошёна, тоза намудани баргҳои хушкшударехтаи дарахтон ва баровардани партовҳо саҳм гузоштанд. Дар баровардани партовҳо аз автомашинаи боркаши “Портер”-и донишгоҳ истифода карда шуд.
Ҳамзамон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ низ шанбегӣ гузаронида шуд, ки дар он беш аз 700 нафар донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандон иштирок карданд. Онҳо баҳри ободию шукуфоӣ, тозагию назофат ва сабзу хуррамгардонии муҳити таълим ва истиқомати шаҳрвандони шаҳри Душанбе, дар саҳну гирду атрофи ҳамаи иншоотҳои донишгоҳ, аз ҷумла бинои асосии таълимию маъмурии донишгоҳ, Маҷмааи нави таълимии воқеъ дар шаҳраки Шифобахш, Маркази Фармасевтӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳ дастаҷамъона ширкат варзиданд.
Дар якшанбегии навбатӣ дохил, саҳн ва гирду атрофи биноҳои маъмурию таълимӣ, бинои асосии маъмурию таълимӣ, бинои химия, Маҷмааи нави таълимии шаҳраки Шифобахш, Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии “Стоматология”, Маркази ташхисию табобатӣ, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”, Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ ва хобгоҳҳои №1-7-и донишгоҳ, ҷӯйборҳои обгузар, роҳравҳо, истгоҳҳо, гулгаштҳои хиёбонҳои Рудакӣ, Сино, Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Саноӣ, Самад Ғанӣ, Шукуфон, Алишер Навоӣ воқеъ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино тозаю озода карда шуда, бехи дарахтону буттаҳо ва гулҳои садбарг нарм карда шуданд.
Ҳашарҳои дастаҷамъона, шанбегиҳо, якшанбегиҳо дар донишгоҳ доимӣ буда, ҳамаруза кормандони бахши хоҷагидорӣ бо меҳнати софдилонаи худ саҳну гирду атрофи биноҳо, роҳравҳо, гулгаштҳои дохили донишгоҳ ва ҷӯйборҳои обгузар, роҳравҳо, истгоҳҳо, гулгаштҳои хиёбони Рудакии назди донишгоҳро, дар маҷмуъ гирду атрофи иншоотҳои Донишгоҳи тиббиро, ки гушае аз зебогиҳои Пойтахти азизамон шаҳри Душанбе мебошад, тозаю озода ва зебову покиза мегардонанд ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён, кормандон саҳми арзишманди хешро дар тозаю озода намудани муҳити табиат, ободии донишгоҳ ва гулгушукуфоии пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе мегузоранд.
Ҳашарҳои дастаҷамъона, шанбегиҳо, якшанбегиҳо дар донишгоҳ давом дода мешаванд.
Сардори Хадамоти ректор Носирӣ Қ.Н.