Ҳашари дастҷамъонаи умумидонишгоҳӣ дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”

Ҳашари дастҷамъонаи умумидонишгоҳӣ дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”

Бо мақсади таҷлили шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ободу зебо гардонидани пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе рӯзҳои 28 ва 29-уми октябри соли 2020 аз соати 7:30 то 17:30 дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ҳашари дастҷамъонаи умумимдонишгоҳӣ гузаронида шуд. Ҳашари дастҷамъонаи умумидонишгоҳӣ рӯзи 28-уми октябри соли 2020 бо ҷалби 486 нафар, аз ҷумла 126 нафар аъзои раёсат, омӯзгорону кормандон ва 360 нафар донишҷӯён ва рӯзи 29-уми октябри соли 2020 бо ҷалби 540 нафар, аз ҷумла 132 нафар аъзои раёсат, омӯзгорону кормандон ва 408 нафар донишҷӯён берун аз дарсҳо баргузор карда шуд.

Ҳангоми ҳашарҳои дастҷамъонаи умумимуассисавӣ саҳну гирду атроф ва дохили ҳамаи биноҳои таълимию маъмурӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳ, аз ҷумла бинои асосии таълимию маъмурӣ, Маҷмааи таълимии шаҳраки Шифобахш, Маркази ташхисию табобатӣ, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”, Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ, хобгоҳҳо, роҳравҳою ҷӯйборҳо ва гулгаштҳои хиёбонҳои Рудакӣ, Исмоили Сомонӣ, Сино, кӯчаҳои Алишер Навоӣ, Нусратулло Махсум, Ғанӣ Самад, Шукуфони назди ишоотҳои донишгоҳ, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе ҷойгиранд, тозаю озода ва зебо карда шуданд. Дар қитъаҳои заминҳои назди бинои таълимию маъмурии донишгоҳ гулбуттаҳо ва дарахтон ба тартиб дароварда шуда, бехи онҳо нарм карда шуданд. Қайд кардан лозим аст, ки саҳну гирду атрофи иншоотҳои донишгоҳ ва кӯчаю роҳравҳои хиёбонҳои Рудакӣ, Исмоили Сомонӣ, Синои назди донишгоҳ дар давоми рӯзҳои 28 ва 29-уми октябри соли 2020 аз соати 7:30 то 17:30, дар давоми рӯз 3-4 маротибагӣ, ҳар 2-3 соат аз хазон (барги дарахтон) тоза карда шуданд. Ҳашарҳои дастҷамъонаи умумидонишгоҳӣ наворбардорӣ карда шуда, тавассути шабакаҳои телевизионии “Душанбе” ва “Ҷаҳоннамо” намоиш дода шуд.

Ҳамчунин, дар давоми ҳар ҳафта, ҳамарӯза мунтазам бо мақсади тозаю озода ва зебо гардонидани пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони қисми ҳоҷгидорӣ ҳуҷраҳои корию синфхонаҳо ва долонҳои кафедраҳо, саҳну гирду атроф ва дохили ҳамаи биноҳои таълимию маъмурӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳ, роҳравҳою ҷӯйборҳо ва гулгаштҳои хиёбонҳою кӯчаҳои назди иншоотҳои донишгоҳ тозаю озода карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки шанбегию якшанбегиҳо, ҳашарҳои дастҷамъона, корҳои тозаю озодакунии ҳамарӯза дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромадааст ва корҳои тозаю озодакунӣ, ободонию ороишӣ бахшида ба таҷлили шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ободу зебо гардонидани пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони қисми хоҷагидорӣ, омӯзгорону донишҷӯён мунтазам давом дода шуда истодаанд ва зери назорати доимии роҳбарияти донишгоҳ қарор доранд. 

Хадамоти ректор


4
3
2
1
31.10.2020 576

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php