Ҳашарҳои дастҷамъона баҳри тозою озода ва зебогардонии шаҳри Душанбе дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ҳукми анъана даромадааст

Ҳашарҳои дастҷамъона баҳри тозою озода ва зебогардонии шаҳри Душанбе дар ДДТТ  ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ҳукми анъана даромадааст

Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ рӯзи 15.05 соли 2021 дар ҳашари умиминоҳиявӣ иштирок карда, дар минтақаи вобасташудаи шаҳри Душанбе ва донишгоҳ шанбегии дастҷамъона гузарониданд.

Мутобиқи Нақшаи баргузории ҳашарҳои умуминоҳиявӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоли Сомонии шаҳри Душанбеи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 15-уми майи соли 2021 аз ҷониби Раёсати МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” 228 нафар донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ барои гузаронидани шанбегӣ дар минтақаи вобасташудаи хиёбони Рӯдакӣ сафарбар карда шуданд.

Донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ дар хиёбони Рӯдакӣ аз буриши кӯчаи Карамов то Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар тоза кардани ҷӯйборҳо, гирду атрофи биноҳои баландошёна, тоза намудани шоху навдаҳои дарахтон ва баровардани партовҳо саҳм гузоштанд.

Ҳамзамон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишготҳӣ бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ низ шанбегӣ гузаронида шуд, ки дар он беш аз 700 нафар донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандон иштирок намуда, гирду атрофи иншоотҳои донишгоҳ, роҳравҳою ҷуйборҳои назди донишгоҳии хиёбонҳои Рӯдакӣ, Сино, Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Саноӣ, Самад Ғанӣ, Шукуфон, Алишер Навоии воқеъ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синоро тозаю озода карданд ва дар гирду атрофи хобгоҳҳои донишгоҳ зиёда аз 4 ҳазор гулҳои мавсимӣ, бисёрсола садбар, 80 бех дарахтони сояафкани арча ва мевагӣ шинонида шуд.

Инчунин, дар шанбегӣ саҳн, гирду атроф ва дохили биноҳои маъмурию таълимӣ, Маркази ташхисию табобатӣ, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”, Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ ва хобгоҳҳои №1, №2, №5-и донишгоҳ, ҷӯйборҳои обгузар, роҳравҳо, истгоҳҳо, гулгаштҳои хиёбони Рудакӣ, кӯчаҳои Саноӣ, Самад Ғанӣ, Шукуфони ноҳияи Исмоили Сомонӣ тозаю озода карда шуда, бехи дарахтону буттаҳо, гулҳои садбарг нарм карда шуданд. Дар гирду атрофи хобгоҳи №5-и донишгоҳ (хобгоҳи донишгоҳ барои донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда), воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 190, хобгоҳҳои №1, №2, воқеъ дар хиёбони Рӯдаки 141 дар шанбегӣ 80 бех ниҳолҳои сояафкану ороишии арча ва мевагӣ, зиёда аз 2 ҳазор бех ниҳоли гулҳои ҳаррангаи мавсимӣ ва бисёрсолаи садбарг шинонида шуд. 2 ҳазор бех гулҳои мавсисмии ҳарранга дар заминҳои гирду атрофи хобгоҳҳои №3,4,6,7 шинонида шуданд (ҳамаи гулҳои шинонидашуда дар гармхонаи донишгоҳ парвариш карда шудаанд).

Раёсати МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ин иқдомро дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ менамояд. Ҳамчунин, ҳамаруза кормандони бахши хоҷагидорӣ бо меҳнати софдилонаи худ саҳну гирду атрофи биноҳо, роҳравҳо, гулгаштҳои дохили донишгоҳ ва ҷӯйборҳои обгузар, роҳравҳо, истгоҳҳо, гулгаштҳои хиёбони Рудакии назди донишгоҳро, дар маҷмуъ гирду атрофи иншоотҳои Донишгоҳи тиббиро, ки гушае аз зебогиҳои Пойтахти азизамон шаҳри Душанбе мебошад, тозаю озода ва зебову покиза мегардонанд.

Чунин чорабиниҳо дар донишгоҳ хусусияти доимӣ гирифта, таҳти назорати Роҳбарияти донишгоҳ қарор дорад. Имрӯзҳо, ки шаҳри Душанбе ба як макони дилфиреб, макони гулгаштҳои зебою беҳамто, шаҳри сулҳу ваҳдат, хонаи умеди тоҷикону тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон мубаддал гардидааст, роҳбарият, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино низ дар ободу зебо гардонидани диёри азизамон, пойтахти ватани биҳишосоямон саҳмгузор мебошад.

Хадамоти ректор.


16
15
14
13
12
11
10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
15.05.2021 350

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php