АРҶГУЗОРӢ БА ЛИБОСИ МИЛЛӢ ЭҲТИРОМ БА ВАТАН АСТ.

АРҶГУЗОРӢ БА ЛИБОСИ МИЛЛӢ ЭҲТИРОМ БА ВАТАН АСТ.

Бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ аз паёмадҳои ҷаҳонишавӣ дар МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» 30 рӯзи «Арҷгузорӣ ба либоси миллӣ» эълон карда шуд. Дар моҳи октябр дар байни донишҷӯёну омӯзгорон ва хобгоҳҳои донишгоҳ мулоқотҳои судманд вобаста ба ҳифзи фарҳанги ниёгон ба нақша гирифта шудааст. Бо ҳамин ҳадаф санаи 01.10.2021 бо иштироки донишҷӯдухтарони факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ вохӯрии судманд гузаронида шуд. Дар мулоқот бо донишҷӯён вобаста ба таърихи тоҷикони ҷаҳон, фарҳанги миллӣ ва таъсири либоси бегона ба фарҳанги миллат маълумот дода шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар як ҷавондухтар бояд аз тоҷик буданаш ифтихор намояд ва ба фарҳанги бегона тақлид накунад. Дар охири вохурӣ байни масъулини шуъбаи тарбия, муовинони деканҳо ва донишҷӯён табодули афкор сурат гирифт. Донишҷӯдухтарон ба саволҳои хеш ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Ташкили чорабиниҳои вобаста ба мавзӯи болозикр дар донишгоҳ идома доранд.

 

ШУЪБАИ ТАРБИЯ


04.10.2021 206

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php