Апробатсияи рисолаи илмӣ дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байникафедравии проблемавии МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино"
Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байникафедравии проблемавӣ оид ба фанҳои ҷарроҳии МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" санаи 08.10.2021, апробатсияи натиҷаҳои тадқиқоти илмии унвонҷӯи кафедраи кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ Вайдуллоева Миҷгона Шуҳратовна аз рӯи ихтисоси 03.01.04- биохимия, таҳти роҳбарии д.и.к., профессор Раҷабов У.Р. гузаронида шуд.
Унвонҷӯ дар мавриди муқаррароти асосии рисолаи илмии хеш гузориш дод.
Ҷаласа таҳти роҳбарии д.и.т. Сатторов С.С. гузашта, ҳайати Комиссияи байникафедравии проблемавӣ пас аз шунидани баромади унвонҷӯ дар бораи мавзӯи рисолаи худ ва натиҷаҳои бадастомада, эроду пешниҳодҳои хешро баён намуданд.
Комиссияи байникафедравии проблемавии МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" пас аз таҳлилу баррасӣ, пешниҳодот ва хулосаҳои худро иброз дошта, натиҷаҳои кори унвонҷӯро баҳогузорӣ намуданд. Аз ҷумла, ба унвонҷӯ пешниҳод шуд, ки эродҳои аъзои комиссияро ба инобат гирифта, камбудиҳоро дар рисолаи илмии хеш ислоҳ намуда, барои ҳимояи рисолаи илмӣ омодагӣ гирад.
Ҳамин тавр, ҳайати Комиссияи байникафедравии проблемавии донишгоҳ бо назардошти саҳми шахсии муаллифи рисола дар ҷамъоварӣ, коркард ва таҳияи тадқиқот, натиҷаҳои кори унвонҷӯро мусбат арзёбӣ намуда, барои ҳимояи рисолаи номзадӣ иҷозат дод ва мавзӯи рисолаи илмии пешниҳодшударо расман тасдиқ намуд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа