Ҳамсоя агар вафо кунад, хеши ман аст

Ҳамсоя агар вафо кунад, хеши ман аст

Вазъи ҷаҳонӣ ва сиёсати имрӯзаи давлатҳои абарқудрат тақозо мекунад, ки халқиятҳои давлатҳои кучак ҳамеша зираку ҳушёр бошанд ва барои ҳимояи суботи кишвари худ камари ҳиммат баста, сиёсатмадори созандае доша бошанд. Зеро дар сиёсати як қатор давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ тағйиротҳои куллӣ ба амал омада, дар таърихи ин кишварҳо саҳифаи нав дар ҳимояти манфиатҳои давлатҳои гуногун дида мешавад. Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳамдигар ҳамсоя буда, пайвастагиҳои таърихӣ ва қавмӣ низ доранд. Ба сиёсати дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бо кишвари мо ҳамсарҳад аст, давлатҳои абарқудрат дахолат намуда, бо шиорҳои «демократия» ва «озодии мардум» инқилобҳои хунин ташкил карда, аввалин Президенти кишварро аз вазифа барканор ва аз ҳудуди минтақа бо дасти худи мардуми қирғиз берун карданд. Сиёсати дохиливу хориҷии ин давлат пас аз ин ба куллӣ бо ҳамсоягонаш тағйир ёфт, ки боиси таассуф аст:

Ҳамсоя,ки огаҳ зи каму беши ман аст,

Бегонаю лек марҳами реши ман аст,

Ҳамсояи бегона парастам,чи аҷаб?

Ҳамсоя агар вафо кунад, хеши ман аст.

Масъалаи сарҳадии байни кишвари мо ва давлати қирғиз ба амал омада, то айни замон ҳалли худро наёфтааст. Давлатҳои манфиатхоҳ мехоҳанд бо ҳар роҳу восита муносибати давлати ҳамсояро бо Тоҷикистон сард намоянд. Ба қавли Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ: “Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст” ва ба тафовути забонӣ нигоҳ накарда, ҳамдилии мо бо халқҳои бародар ҳамаи монеаҳоро убур кардааст. Хиради азалии мардум, талошҳои ҷавонмардонаи Пешвои муаззами миллат имкон дод, ки сулҳу ваҳдати миллати тоҷик комилан ҳифз карда шавад. Равандҳои пурпечутоби зиндагӣ дар системаи кунунии дунё нишон медиҳанд, ки дар ҳар як амали ба вуқуъ омада, дасти давлатҳои сеюм ҷой дорад. Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки дорои захираҳои фаровони обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд ва ҳарду ҷумҳурӣ имкониятҳои ниҳоят зиёди истеҳсоли қувваи барқ дар доираи сохтмони неругоҳҳои мухталиф дар кишварҳои худро доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳамаи соҳаҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро тақвият медиҳанд. Анҷоми боздидҳои расмӣ ва дӯстонаи Сарони ин ду кишвар, имзои санадҳои гуногуни ҳамкорӣ барои миллату мардуми ин кишварҳо тақдирсоз буда, асоси баробарҳуқуқӣ, ҳамсоягии ҳасана, эҳтироми байниҳамдигарӣ ва эътимоди муштаракро дар бар мегиранд ва нишонаи ҳамкориҳои дӯстонаи дорои сатҳи баланд мебошад.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километр марз дорад, ки 519 километри он таъйину нишонагузорӣ шудааст. Ба далели пурра мушаххас набудани хатти марз байни сокинони ду кишвар бо баҳонаҳои гуногун низоъ сар мезанад. Задухӯрди мусаллаҳонае, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 27-уми январ, байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба амал омад мардуми моро хеле ғамгин намуд. Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи низои сарҳадӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар низомӣ ва 4 нафар сокинони мулкӣ мебошанд. Ҳамчунин, 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон-сокини ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло бар асари таркиши тири миномёти низомиёни Қирғизистон дар ҳавлии худ ва ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии деҳаи Хоҷаи Аъло зимни зарбаи гулӯлаи минамёти ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расиданд. Рӯзи 28 январи соли 2022 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти салоҳиятдори ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Ҷонибҳо баъди баррасиву муҳокимаи муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ ба чунин мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон гардад. Мақомоти дахлдори ду кишвар дар бораи оташбаси комил дар марз хабар дода, ҳарду ҷониб нерӯ ва техникаҳои изофиро аз марз берун бурда ва дар марз посбонии муштарак ташкил намуданд.

Надонистани таърихи худ, бехабарӣ аз сиёсати ҷаҳони имрӯза мушкилоти асосие мебошанд, ки имрӯз боиси сарзадани ҳаргуна нофаҳмиву ҷангҷол ва хархаша байни сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон гардидааст. Роҳи мошингарди Исфара-Ворух садсолаҳо инҷониб ба мардумони тоҷику қирғиз хизмат расонида, барои пешрафти иқтисодиёти ҳарду давлат саҳми бузург дорад. Мо мардуми тоҷику қирғизро лозим аст, ки ба ҳар гуна дасисаҳо дода нашуда, ба хотири ояндаи дурахшони кишварҳоямон аз пайи зиндагии осоиштаи хеш бошем то ки сазовори эҳтироми якдигар гардем. Боиси ифтихор аст, ки мо мардуми Тоҷикистон дар фазои ором озоду обод зиндагӣ дорем ва сарваре дорем, ки барои ҳалли ҳама масъалаҳои баҳсомез таҷрибаи бои сиёсӣ ва сулҳофарии қудрати ҷаҳонидоштаро дорост.

Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Турсунова З.Г. –мутахасиси шуъба


29.01.2022 87