Ҳамоиши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии «Ҷавондухтарон»
Ҳамоиши навбатии ҷавондухтарони Тоҷикистон, ки ба Рӯзи байналмилалии «Ҷавондухтарон» бахшида шуд, 7-уми октябри соли ҷорӣ зери шиори “Интихоби мо Пешвои миллат” дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин ҳамоиш дар ҳошияи Анҷумани 14-уми ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ташкил шуд, ки номзадии Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳ.Ҷ., Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, собиқадори меҳнат Латофат Насриддинова ва ҷавондухтарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиши мазкур изҳороти ҷавондухтарони Тоҷикистон қабул гардида, номзади пешбари намудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун номзади арзандаву беназир якдилона тарафдорӣ намуданд.
Аз МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар ҳамоиши мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О ва 20- нафар донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳ иштирок карданд.
Шарифов Қ.О.- мудири шуъбаи кор бо ҷавонон