Ҷаласаи Шӯрои олимон

Ҷаласаи Шӯрои олимон

Дар ҷаласа нахуст ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. ба устоди кафедраи дерматовенерология, декани факултаи НТҶ Саидзода Б.И шаҳодатномаи дотсентии кафедраро супурд, ки мавсуф бо қарори КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин унвон сарфароз гаштааст. Ҳамчунин, сарвари донишгоҳ ба профессори кафедраи анатомияи одам, профессор С.С.Қурбонов медали ифтихории «Абӯалӣ ибни Сино»-ро, ки бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба он сазовор дониста шудааст, супорид.

Сипас, ҷаласаи Шӯрои олимон ҳисоботи мудири кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика, д.и.б, дотсент М.Ё.Холбековро оид ба корҳои таълимию илмӣ, муолиҷавӣ ва тарбиявӣ аз давраи интихоб шуданаш ба ин вазифа шунид.

Ҳамчунин, дар ҷаласа ҳисоботи директори Озмоишгоҳи кишти селулаҳои бунёдӣ д.и.т., профессор И.З.Юнусов оид ба фаъолияти озмоишгоҳ дар соли 2018 шунида шуд.

Сардори шуъбаи таълими донишгоҳ, д.и.т., дотсент Хоҷаева Н.М. оид ба вазъи амалисозии низоми кредитии таълим дар кафедраҳои донишгоҳ, мушкилот ва роҳҳои бартарафкунии онҳо ба ҷаласаи Шӯрои олимон ахбор дод.

Ҷаласаро Раиси Шӯрои олимони донишгоҳ, профессор М.Қ.Гулзода ҷамъбаст намуда, оид ба риояи реҷаи кории кормандон, иҷрои нақшаҳои корӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти илмию таълимии донишгоҳ фикру мулоҳизаҳои хешро иброз намуд.

Нашрияи Ворисони Сино


06.05.2019     57